ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Эҳёи расму ойинҳо, таомҳо ва либосҳои миллӣ, эҳтироми таъриху фарҳанги бостонии миллат, пешгирӣ кардани ҳисси бегонапарастӣ аз нукоте мебошанд, ки раисҷумҳури Тоҷикистон аз бонувони кишвар хост.
Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошоияш ба муносибати Рӯзи модар изҳори итминон кард, ки бонувону Тоҷикистон суннату анъанаҳои неку созандаи мардуми бостониро минбаъд идома хоҳанд дод.
"Дар эҳёи расму ойинҳо, таомҳо ва либосҳои миллӣ, эҳтироми таъриху фарҳанги бостонии миллат, пешгирӣ кардани ҳисси бегонапарастӣ, ободии Ватани азизамон, оромии ҷомеаи кишварамон ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон нақши арзанда ва муносиб мегузоранд", - гуфт ӯ.
Вай ҳамчунин дар хитоб ба мардон низ таъкид кардааст, ки дар ҳар ҳолат эҳтироми занро қоил бошанд. Президент барои мардон муҳим хондаст, ки сарфи назар аз пастиву баландиҳои зиндагӣ босабру таҳаммул бошанд.
"Ба хушунату зӯроварӣ дар оила роҳ надиҳем, барои фарзандони худ ва махсусан духтарон шароити илму донишомӯзӣ ва азхудкунии касбу ҳунарро муҳайё созем, то онҳо дар зиндагии ояндаи хеш азоб накашанд", - даъват кард Раҳмон.
Бо зикри заҳмату машаққати ба дунё овардани фарзанд ва ба камол расонидани ӯ, Эмомалӣ Раҳмон орзу кардаст, ки ягон модар доғи фарзанд набинад ва ашки ғам нарезад.