Занги Раҳмон ба сарвазири тозаинтихоби Покистон

Раисҷумҳури Тоҷикистон тавсеаи шарикӣ бо Покистон бар пояи анъанаҳои неки дерина, усулҳои ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтирому эътимод таъкид кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Дар пайи ирсоли барқияи шодбошӣ, раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба сарвазири тозаинтихоби Покистон, Шаҳбоз Шариф занг заду табрик намуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Раҳмон дар оғози суҳбат ба Шариф сиҳатмандӣ ва комёбиҳои навин дар фаъолияти давлатӣ таманно кард.
Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистонро баррасӣ карданд, афзуд манбаъ.
CASA-1000 қариб ба анҷом расид: ОМ барои татбиқи лоиҳа омода аст
Дар ин зимн ҷараёни устувори рушду тавсеаи маҷмӯи муносибатҳои шарикии ду давлат бар пояи анъанаҳои неки дерина, усулҳои ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтирому эътимод таъкид гардид, омадааст дар иттилоия.
Раҳмон аҳаммияти хоссаи идомаи муколамаи байнидавлатии ду кишварро таъкид карда, аз сарвазири Покистон ҷиҳати анҷом додани боздид аз Тоҷикистон даъват кардаст.
Шаҳбоз Шариф, ки ҳукумати Покистонро аз апрели соли 2022 то августи 2023 роҳбарӣ мекард, бо гирифтани 201 раъй аз миёни 336 вакил дигарбора сарвазир интихоб шуд. Вай таъкид намудаст, ки муносибот бо ҳамсояҳо, аз ҷумла Ҳинду Покистонро беҳбуд хоҳад бахшид.