Тағйирот дар футболи тоҷик баъди маҷлиси Рустами Эмомалӣ

Шумори дастаҳо дар лигаи олӣ ва якуми футболи Тоҷикистон аз 10 ба 12 адад расонда шавад, қарор кардааст Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи кишвар
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 мар – Sputnik. Чемпионати 33-юми Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ 6 апрел оғоз мешавад, ки минбаъд дар он ба ҷои 10 даста 12 тим иштирок хоҳанд кард.
Қарор дар ин бораро Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон қабул кардааст. Шумораи иштирокчиёни лигаи якуми Тоҷикистон низ зиёд карда мешавад, афзуд ФФТ.
Бар асоси натоиҷи раванди литсензиякунонии бошгоҳҳо маълум шуд, ки дастаи "Файзканд"-и Восеъ ба далели мушкилоти молӣ ва инфрасохторӣ дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон ширкат карда наметавонад.
Дастаи ноҳияи Восеъро дар лигаи олии кишвар барандаи медали биринҷии лигаи якуми мавсими гузашта "Барқчӣ"-и Ҳисор, ки аз расмиёти литсензиякунонӣ бомуваффақият гузаштааст, иваз мекунад.
Илова бар ин, бинобар ба 12 адад расидани шумори дастаҳо дар чемпионати Тоҷикистон-2024 дастаҳои "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода ва "Вахш"-и Бохтар баромадро дар лигаи олӣ идома хоҳанд дод, зеро ин бошгоҳҳо ба талаботи чемпионати Тоҷикистон ҷавобгӯ буда, бомуваффақият аз иҷозатномадиҳӣ гузаштаанд, таъкид намуд ФФТ.
Мусобиқаи дигари бузурги ҷаҳонӣ ба Душанбе оварда мешавад
Дастаҳои "Хулбук" ва "Моҳир", ки дар мавсими гузаштаи лигаи якум ҷойҳои чорум ва панҷумро гирифтанд, бинобар риоя накардани талаботи муқарраршудаи низомномаи иҷозатномадиҳӣ ба бошгоҳҳои лигаи олии Тоҷикистон ба лигаи олӣ роҳ дода нашуданд.
Мавсими нави мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон дар ду давра баргузор мешавад, ки ҳар як даста дар майдони худ ва дар меҳмонӣ бо ҳам бозӣ мекунанд. Умуман, дар мавсим ҳар як тим 22 вохӯригӣ мегузаронад.
Дастае, ки дар мавсими соли 2024-и лигаи олӣ мақоми охиринро ишғол мекунад, ба лигаи якум меравад ва бошгоҳе, ки дар чемпионат ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи лигаи якуми Тоҷикистон-2024 бозиҳои гузаришӣ доир мекунад, тавзеҳ дод ФФТ.
Тағйироти мазкур дар пасманзари дастурҳое, ки дар мулоқоти раиси Маҷлиси миллӣ, президенти ФФТ, Рустами Эмомалӣ бо аҳли футбол дода шуданд, амалӣ мегарданд.