ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Дар навоҳии Тоҷикистон ташхиси бемории сил аз фазла ё худ ахлоти кӯдакон бо усули оддии якмарҳилагӣ роҳандозӣ мегардад.
Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки мутахассисони марказҳои ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба машғулияти омӯзишӣ фаро гирифта шуданд.
Қаблан барои ташхиси сил дар кӯдакон лозим меомад, ки сулфаи сунъӣ ба вуҷуд оварда шавад, ки дар натиҷа кӯдакони то 10-сола балғамро фурӯ мебурданд, ки ин ҳолат барои ташхиси бемории сил мушкилиро ба вуҷуд меовард, зикр намуд ин ниҳод.
Таъкид шуд, ки усули оддии якмарҳалагӣ танҳо бо тасдиқи фазла, бе истифодаи дигар таҷҳизоти иловагӣ силро муайян менамояд.
"Яъне, ҷорӣ намудани ин усули ташхис дар марказҳои ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили шаҳру навоҳии мамлакат навгонӣ буда, имкон медиҳад, ки кӯдакон дар маҳалли зисташон бо роҳи осон аз ташхиси бемории сил гузаранд", - омадааст дар иттилоия.
Вазорат изҳор доштаст, ки то кунун дар Тоҷикистон ин усул танҳо дар Беморхонаи сили кӯдаконаи шаҳри Душанбе амалӣ мешуд, аммо минбаъд мутахассисони сатҳи марказӣ ва вилоятӣ низ омӯзиш гирифта, дар марказҳои худ онро ҷорӣ хоҳанд кард.
Сил яке аз бемориҳои сироятӣ буда, мақомоти Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд барои мубориза бо он чораандешӣ мекунанд.