Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимии кишвар “Рӯзи дарҳои кушод” баргузор намуд.
Дар ин рӯз довталабон тавонистанд бо ҳаёту фаъолияти таълимии донишгоҳ ҳамчунин аз лабораторияҳову синфхонаҳо ин макон дидан намоянд.
Роҳбари бахши матбуотии ин донишгоҳ, Шариф Муллоев зимни сӯҳбат ба Sputnik Тоҷикистон “Рӯзи дарҳои кушод”-ро пуле хонд барои шиносоии довталабон бо донишгоҳ, ихтисосҳои интихобкунанда ва ҳайати омӯзгорону ҳаёти донишҷӯён мебошад.
“Зимни ин чорабинӣ ба донишгоҳи мо аз якчанд макотиби таълимии кишвар зиёда аз ҳазор нафар довталабон, омаданд” – иброз дошт Муллоев.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон ба таҳсил бо забони русӣ ва донишгоҳҳои марбути Русия таваҷҷуҳ зиёд мебошад. Қабул ба муасссаҳои таълимии олии ҷумҳурӣ аз тариқи Маркази миллии тестӣ сурат мегирад.
Маркази миллии тестии Тоҷикистон эълон кард, ки аз аввали март дар 43 шаҳру навоҳии кишвар нуқтаҳои доимии бақайдгирии донишҷӯён амал хоҳанд кард.
Гуфта мешавад шумораи чунин нуқтаҳо дар умум 47 ададро ташкил дода дар онҳо 154 ҷойи корӣ ташкил карда мешавад. Ҳамчунин аз ММТ гуфтанд, ки дар 16 шаҳру навоҳии дигари кишвар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ амал менамоянд.