ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Бо сабаби боқӣ мондани воридшавии анбӯҳи ҳавои сард ва намнок дар бештари манотиқи мамлакат пастшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда.
Дар ин бора Агентии ҳавосанҷии кишвар хабар дода, таъкид кардааст, ки дар ноҳияҳои водию доманакӯҳ шабона ва рӯзона то 0-5 дараҷа хунук, дар минтақаҳои кӯҳӣ то 8-13 дараҷа сард мешавад.
Ҳамзамон таъкид шудааст, ки то фардо дар баъзе ноҳияҳои кишвар барфи шадид меборад.
Таъкид шудааст, ки бар асари боришоти рӯзҳои истироҳатӣ дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, навоҳии кӯҳистонии вилояти Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари лағзиши тарма ва сангрезӣ вуҷуд дорад.
"Чунин вазъи номусоиди обу ҳаво дар нақлиёт, кишоварзӣ, алоқа, энергетика ва коммуналӣ мушкил эҷод мекунад",- афзудааст манбаъ.
Бино ба пешгӯӣ, дар навоҳии алоҳидаи ВМКБ борону барфи бошиддат борида, ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0-5 ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 11-16 ва рӯзона 1-6 дараҷа хунук мешавад.
Дар Суғд ҳам барфи пуршиддат ва борону туман пешбинӣ шуда, ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 2+7 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.
Хатлонро низ ҳавои тағйирёбанда интизор буда, дар ноҳияҳои алоҳида барфи бошиддат меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2-7 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 4-9 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.
Дар НТМ ҳам барфи бошиддат борида, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.
Душанберо низ барфи бошиддат ва туман фаро хоҳад гирифт. Ҳаво шабона 2-4 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад.