ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Дар асри иттилоотӣ кӯҳҳо ба рамзи асосии кишвар табдил ёфтаанд. Аммо аз нуқтаи назари амалӣ, онҳо як анбори сарватҳои табиӣ, Макка барои сайёҳон буда, дар замонҳои қадим муҳофизони мардум аз истилогарони хориҷӣ буданд.
https://sputnik.tj/ аз ривоятҳои аҷиби Тоҷикистон ёдовар мешавад.
Чиҳил духтар муқобили Чингизхон
250 километр дуртар аз Душанбе дар самти ҷануб дар наздикии Мӯъминобод маҷмааи кӯҳии "Чилдухтарон" воқеъ аст.
Мувофиқи ривоятҳо ин минтақа аз замонҳои қадим бо сарват ва ҳосилхезии заминаш машҳур буд. Чунин фаровонӣ пайваста таваҷҷуҳи ҳамсояҳои ҷангҷӯро ба худ ҷалб мекард ва онҳо борҳо кӯшиш мекарданд, ки ба водии бо кӯҳҳо иҳоташуда ворид шаванд, то сокинони маҳаллиро таслим созанд, вале сокинон чандин бор душманро шикаст медоданд.
Замоне Чингизхони хунхор низ таваҷҷуҳи худро ба ин макон нигаронида, бо фармони забт кардани ин минтақаи кӯҳистонӣ лашкар фиристод. Ҳамаи мардони водӣ ба ҳифзи диёри худ бархостанд, аммо қувваҳо баробар набуданд. Вақте ҳамаи ҷанговарони водӣ дар ҷанги шадид ҷон бохтанд, ҷои онҳоро чил духтар бо либоси мардона гирифтанд.
Онҳо се шабонарӯз ҷанг карда, душманони зиёдро несту нобуд карданд, вале лаҳзае фаро расид, ки қушӯнҳои муғул духтарони хасташударо иҳота карданд. Ва он гоҳ онҳо аз Худо илтиҷо карданд, то ба асорат наафтанд ва шаъну шарафи онҳо поймол нашавад. Дар ҳамин лаҳза чил духтар ба чил санги сурх мубаддал шуданд, зеро сар то по либосаш бо хуни душман гулгун буд. Муғулҳо аз ин ҳол тарсида гурехтанд.
Ривоят дар бораи аспи македонӣ
Боз як ҷои дидании Тоҷикистон кӯҳҳои Фон мебошанд, ки шояд яке аз зеботарин системаҳои кӯҳии Осиёи Марказӣ мебошанд.
Дар нӯҳ қуллаи ин қӯҳҳо, ки баландии беш аз 5000 метр доранд, кӯҳнавардон аз тамоми ҷаҳон барои фатҳи қуллаҳо тамрин мекунанд. Ба ғайр аз қуллаҳои барфпӯш, ин ҷо марвориди обӣ — кӯли машҳури Искандаркӯлро тамошо кардан мумкин аст.
Ба он низ ривояте марбут аст, ки мувофиқи он, замоне Искандари Мақдунӣ бо лашкараш дар ин макон барои истироҳат истод. Аспи фармондеҳи юнонӣ Бусефал, ки аз ташнагӣ ранҷ мекашид, гӯё аз ин кӯл нӯшида, бемор шудааст, зеро Искандаркӯл аз пиряхҳо сарчашма мегирад ва оби он хеле хунук аст.
Искандари Мақдунӣ ният дошт, ки аз ин ҷо барои забт кардани Ҳиндустон раҳсипор шавад ва натавонист, ки аспро бо худ бибарад. Аммо Бусефали вафодор марги соҳиби худро ҳис кард ва худро аз кӯҳ ба кӯл партофт. Ва боз ба гуфти сокинони маҳаллӣ, гӯё даруни Искандаркӯл Рахши оташин, аспи Рустами Дастон, қаҳрамони “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ мечаридааст. Шабона ӯ гӯё ба соҳил мебарояд ва қад-қади кӯл то тулӯи офтоб медаваду субҳ боз андаруни он меравад.
Ривоятҳои Помир
Аммо дар Тоҷикистон ягон системаи кӯҳӣ дар шӯҳрат ва маъруфият бо Помир рақобат карда наметавонад. Ба хотири баландиашон ин кӯҳҳоро "Боми ҷаҳон" меноманд. Дар ин ҷо чанд қуллаи ҳафтҳазорӣ (аз 7 ҳазор метр боло) воқеанд, ки яке аз онҳо бо номи шоҳ Исмоили Сомонӣ машҳур аст. Баландии он 7495 метр аст.
Хушдоманам, ки касбаш ҷарроҳ буд, солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ дар авиатсияи санитарӣ кор мекард. Он замон дар соҳаи тандурустии махаллӣ чунин бахш мавҷуд буд, ки духтурони он тавассути чархбол ба ҷойҳои дурдаст парвоз карда, ба беморони эҳтиёҷманд ёрии таъҷилии тиббӣ мерасонданд. Вай дар бораи як ҳолат аз таҷрибаи худ нақл кард.
Як кӯҳнавард ҳангоми фатҳи қуллаи Ленин ба поён сарозер шуд ва як дасташ шикаст. Барои интиқоли ӯ чархбол фиристода шуд, ки хушдоманам низ дар он буд. Ба мард ёрии аввалин расонда, ӯро сӯзандоруи рафъи дард гузоранданд. Хушдоманам мувофиқи одати доимии занҳо истеҳзоомез аз ӯ пурсид: "Хайр, боз ба кӯҳҳо мебароӣ?". Бабри барфии (унвони ғайрирасмӣ барои кӯҳнавардони ботаҷриба) ҳама бо бинт печонидашуда, танҳо як калимаро гуфт: "Ҳатман".
Мардуми Помир дар бораи минтақаи худ ривояту афсона, достон ва асотирҳои гуногун доранд. Шояд машҳуртарин ривояти помирӣ ривояти Одами ваҳшӣ бошад. Аҳолии маҳаллӣ онро Алмастӣ меноманд. Гумон меравад, ки ӯ дар минтақаҳои дастнорас ва беодами Помир, аз ҷумла дар водии Пшарти Ғарбӣ, Мурғоби поён, дар мавзеи Баландкиик ва Саук-дара зиндагӣ мекунад. Махлуқ қадбаланд, баданаш пурра бо пашм пӯшида аст.
Илова бар ин, дар Помир ривоят дар бораи арвоҳи зани пурасрор "парӣ" мавҷуд аст, ки метавонанд намуди зоҳирии худро тағйир дода, дар фазо ва замон бехабар ҳаракат кунанд. Баъзан онҳо бо одам муносибатҳои маҳрамона мекунанд, то аз ӯ “парибача” таваллуд кунанд.
Ҳамчунин дар Помир ривоятҳои даҳшатнок дар бораи зани сафедпӯст- "Сафед-гиник" маъмуланд, ки баъзан ба деҳаҳои кӯҳӣ ва қароргоҳи шикорчиён меравад. Вохӯрӣ бо ӯ ба хубӣ намеанҷомад.
Помир аз дарёву кӯлҳо низ бой аст. Калонтаринаш кӯли Қарокӯл аст, ки дар баландии 3914 м аз сатҳи баҳр ҷойгир аст ва машҳуртаринаш Сарез мебошад. Он соли 1911 дар натиҷаи заминҷунбии сахт ба вуҷуд омадааст.
Офати табиӣ лағжиши азими кӯҳро ба вуҷуд овард, ки дараро баста, ба сарбанди табиӣ табдил ёфт. Барои ташаккули обанбор 37 сол лозим шуд ва ҳоло он бузургтарин обанбори оби ширин бо ҳаҷми 17 миллиард метри мукааб мебошад.
Помир се маротиба ба раддабандии 100 самти сабзтарини сайёҳӣ шомил шудааст (100 green destinations) ва ягона дар байни кишварҳои ИДМ мебошад. Парки миллии “Кӯҳҳои Помир” ба Феҳристи мероси табиии ЮНЕСКО шомил шудааст ва шоҳроҳи Хоруғ-Ӯш бошад, ки Тоҷикистону Қирғизистонро мепайвандад, тибқи баҳодиҳии маҷаллаи National Geographic аз ҷиҳати зебоӣ дар ҷаҳон дар ҷои дуюм аст.
Ҳамасола дӯстдорони хориҷии шикор бо умеди шикори гӯсфанди Марк Поло, - бонуфузтарин гӯсфанди кӯҳии ҷаҳон ба ин ҷо меоянд. Иҷозатномаи шикори он ҳудуди 45 ҳазор доллар арзиш дорад, аммо қимати гарон ва шароити сахти иқлимӣ хоҳишмандонро боз намедоранд.
Кӯҳҳои Помир барои Тоҷикистон на танҳо чун як макони сайёҳӣ аҳамияти бузург доранд. Помир анбори бои сарватҳои табиӣ буда, дар қаъри он конҳои металлҳои нодир, сангҳои қиматбаҳо, тилло ва нуқра мавҷуданд. Дуруст аст, ки истихроҷи онҳо аз сабаби баландии кӯҳистон мушкил аст, аммо бо рушди технология ин сарватҳои табиӣ бешубҳа ба нафъи Тоҷикистон хоҳанд буд.
Ломоносов боварӣ дошт, ки иқтидори Русия бо Сибир меафзояд. Агар ӯ ба Тоҷикистон меомад, шояд дар бораи кӯҳҳо ҳам ҳаминро мегуфт.