ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Сармуҳаррири гуруҳи расонаҳои "Россия сегодня" ва телевизиони RT, Маргарита Симонян матни суҳбати афсарони бундесверро дар мавриди ҳамла ба пули Қрим тавассути мушакҳои Taurus нашр кард.
Дар ин суҳбат, ки19 феврал сабт шудаст, сардори шуъбаи амалиёт ва машқҳои фармондеҳии қувваҳои ҳарбии ҳавоии Олмон, Грефе, нозири қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ Герхартс ва кормандони маркази амалиёти ҳавоӣ Фенске ва Фростедте иштирок доштаанд.
Яке аз афсарон аз сафари барномарезишуда ба Украина дар рӯзи 21 феврал ёдовар шуд, ки барои ҳамоҳангсозии зарбаҳо ба ҳадафҳои Русия сурат мегирад.
Нозири нерӯҳои ҳавоии Бундесвер, ки дар муҳокимаи ҳамла ба пули Қрим ширкат дошт, имконпазир хонд, ки 100 мушаки Taurus дар баста ба Киев интиқол дода шавад.
Артишиёни Олмон имкони ҳамла маҳз бо ин мушакҳо бо истифода аз ҳавопаймои Dassault Rafale-ро баррасӣ намуданд.
Намояндаи Бундесвер гуфт, мушакҳои Taurus, ки ба Украина оварда мешаванд, пас аз 8 моҳ барои истифода омода хоҳанд шуд.
Яке аз иштирокчиён ба таъсирбахш будани зарбаи болои купрук шубҳа кард ва савол гузошт, ки барои ин чанд мушак лозим аст, "шояд на 10 ва ҳатто на 20 мушак лозим оянд".
Низомиён дар сабти нашршуда интиқоли мушакҳоро низ баррасӣ карда, яке аз онҳо мегӯяд, ҳеҷ кас намедонад, ки чаро канслер мухолифи ин интиқол аст.
️Дар Олмон вақтҳои охир масъалаи интиқоли мушакҳои Taurus ба Киев фаъолона баррасӣ мешавад. Дар баробари ин, садри аъзам Олаф Шолтс борҳо изҳор доштааст, ки зидди ин гуна таъминот аст.