Тағйироти кадрӣ дар Гвардияи миллӣ, судҳои иқтисодӣ ва додситонӣ

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳайати фармондеҳии Гвардияи миллии кишвар тағйироти кадрӣ анҷом дода, генералҳоро барканору таъйин намуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 фев — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарии Суди олии иқтисодӣ, Прокуратураи генералӣ ва Гвардияи миллии тағйироти кадрӣ анҷом доданд.
Ба гузориши дафтари матбуоти раисҷумҳур, Абдуллозода Зебонисо Файзулло аз вазифаи раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе, Аминзода Сайдабону Рустам ва Саидзода Зулфия Саид аз вазифаҳои судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе бо сабаби ба кори дигар гузаштан озод карда шуданд.
Ҳамин тариқ Комилӣ Файзалӣ раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе ва Саидзода Зулфия Саид судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон таъин карда шуд.
Ҳамчунин, бо фармонҳои президент Азаматзода Баҳриддин, сардори Сарситод-муовини аввали фармондеҳи Гвардияи миллӣ, Бобозода Лутфулло, муовини фармондеҳ оид ба ақибгоҳ, Давлатзода Талбидагӣ, муовин оид ба тайёрии ҷангӣ ва махсус таъин гардиданд.
Тағйироти кадрӣ дар Вазорати мудофиа: Кадом генерал чӣ вазифа гирифт?
Кишвардори Тоҷикистон дар умум дар Гвардияи миллӣ 21 мансабдоронро таъйину барканор кард.
Ба пешниҳодҳои сарвари давлат дар бораи аз вазифа озод ва таъйин намудани муовини аввал ва муовинони Прокурори генералӣ Маҷлиси миллӣ розигӣ дода ва фармонҳои президент дар ин бора ба имзо расиданд.
Дар мувофиқа бо раисҷумҳур ҳамчунин аз ҳисоби кадрҳои соҳибтахассус ва корозмудаи ин соҳа сардорони се раёсати Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданд.
Бо натиҷагирӣ аз фаъолияти сохторҳои зикргардида Эмомалӣ Раҳмон ба таъмини волоияти қонун, мубориза бар зидди ҳамагуна қонунвайронкуниҳо супоришҳои қатъӣ додааст.