Дар Фестивали байналмилалии ҷавонон 270 нафар аз Тоҷикистон иштирок хоҳанд кард.
Нахустин гурӯҳи ҷавонони тоҷик ахиран аз фурудгоҳи байналмилалии Тоҷикистон ба Русия парвоз намуданд.
Яке аз иштирокдорони ин фестивал, қабл аз парвоз ба Русия дар фурудгоҳи Душанбе ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон гуфт, аз имкони ҳузур дар чунин фестивал бениҳоят хушҳол аст.
"Худо хоҳад, мо ҳатман дар он ҷо фарҳанги милли худро, Тоҷикистони худро муаррифӣ мекунем", - афзуд ӯ.
Ёдовар мешавем, ки қаблан, Кумитаи ҷавонон гуфт, аз Тоҷикистон дар фестивали 270 нафар иштирок хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки қаблан, Кумитаи ҷавонон гуфт, аз Тоҷикистон дар фестивали 270 нафар иштирок хоҳанд кард.