Душанбе Рӯзи модарро бошукӯҳ таҷлил мекунад

Дар пойтахти Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байнулмилалии занон чорабиниҳои идона ва мусобиқаҳои варзишӣ ба таври васеъ баргузор мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон Рӯзи модарон 8 март чун анъана барҷаста таҷлил мешавад.
Шаҳрдории Душанбе ба муносибати ҷашни ҳарсолаи баҳор дар куҷо ва чӣ гуна доир шудани чорабиниҳо хабар дод.
Тавре аз маъмурияти пойтахти Тоҷикистон қайд карданд, дар шаҳр барномаи фарҳангӣ омода шудааст.
Кӯчаҳои Душанбе бо шиорҳои рангоранг оро дода шуда, таҳти шиори "Зан рамзи покӣ" чорабиниҳо баргузор мешаванд.
Бахши муҳими ҷашн барномаи фарҳангии “Модар сарчашмаи зебоӣ ва муҳаббат аст” ва мусобиқаи волейбол барои дарёфти Ҷоми раиси шаҳри Душанбе хоҳад буд.
Бештари рӯзҳои март дар Тоҷикистон истироҳатиянд - тасвирбаён
Ба занони соҳибкор ва фаъол шаҳодатнома дода мешавад. Ба занҳои собиқадори соҳаҳо бошад, кумакҳои моддӣ расонида хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки бо фармони раисиҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи марти соли 2009 рӯзи 8-уми март Рӯзи байналмилалии занон дар Тоҷикистон Рӯзи модар номида шуд.