Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Захарова: Иттифоқчиён идеяи Макрон дар бораи ирсоли нерӯ ба Украинаро дастгирӣ накарданд

Пешниҳоди раисҷумҳури Фаронса дар мавриди интиқоли нерӯҳои мусаллаҳи кишварашон ба Украина боиси шок дар кишварҳои ғарбӣ гардидаст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Худи ҳампаймонҳои Фаронса изҳороти раисиҷумҳур Эммануэл Макронро дар бораи эъзоми эҳтимолии нирӯҳо ба Украинаро нафаҳмиданд ва пуштибонӣ накарданд.
Ин нуктаро сухангӯи вазири корҳои хориҷаи Русия Мария Захарова дар суҳбат бо радиои Sputnik баён дошт.
"Маҳз ҳамин изҳорот шарикондар НАТО-ро такон дод. Дарҳол дар давоми якчанд соат як қатор изҳороти роҳбарияти олии кишварҳои НАТО, роҳбарон, вазирони корҳои хориҷӣ, вазирони мудофиа садод, гуфтанд, ки онҳо нерӯ фиристоданӣ нестанд", - гуфт Захарова.
Ахиран вазири дифои Лаҳистон, Чезари Томчик дар шарҳи эҳтимоли фиристодани нерӯҳои кишвараш ба Украина гуфт, ҳатто чунин фикре нест.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Артиши Русия бо паҳподҳое, ки тавассути зеҳни сунъӣ идора мешаванд, таъмин мегардад
"Дар Лаҳистон чунин лоиҳа ё чунин идея вуҷуд надорад", - изҳор дошт вазири мудофиаи кишвар.
Қаблан раисиҷумҳури Лаҳистон Анжей Дуда гуфта буд, ки ширкаткунандагони конфронси якрӯза дар масоили Украина дар Порис, ки бо ташаббуси президенти Фаронса Эммануэл Макрон даъват шуда буд, “дар ин масъала комилан созиш надоштаанд”.
Худи Макрон эъзоми нирӯҳои Иттиҳодияи Аврупо ба Украинаро истисно накард.
"Ҳанӯз тавофуқ ҳосил нашудааст, аммо ҳеҷ чизро истисно кардан мумкин нест", - гуфт раисҷумҳури Фаронса зимни нишасти матбуотӣ.
Қаблан нахуствазири Словакия Роберт Фико гуфт, ки кишварҳои алоҳидаи Иттиҳодияи Аврупо "дар асоси равобити дуҷониба имкони фиристодани низомиёни худро ба Украина баррасӣ мекунанд".