ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Дар пойтахти Тоҷикистон соли 2024 "Соли маърифати экологӣ" эълон гардид. Қарор дар ин бораро шаҳрдор, Рустами Эмомалӣ имзо намуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, мақсади қарори Рустами Эмомалӣ баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист, ҳифзи арзишҳои гуногуни экологӣ ва таъмини амнияти экологӣ мебошад.
"Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе 900-рӯзи ободонӣ амалӣ карда шавад", - омадааст дар қарор.
Масъулини шаҳрдорӣ ва раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе барои таъмини иҷрои қарори мазкурро масъул шудаанд.
Шаҳрдорӣ ҳамчунин нақша - чорабиниҳо барои иҷрои қарори мазкурро тасдиқ карда, назорати иҷрои қарорро ба зиммаи муовини якум, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раис гузоштааст.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола дар шаҳри Душанбе садҳо ҳазор гулу дарахт шинонда мешаванд, ки барои ҳифзи муҳити зист ва амнияти экологии шаҳр равона гардидаанд.
Ҳамчунин масъулин бархе аз корхонаҳои нисбатан зараровар ба муҳити шаҳрро баста, дар мавриди воситаи нақлиёт низ талош мекунанд, бештар худравҳои барқӣ ворид шаванду ба ҳамин васила ба муҳити атроф зарари камтар расонда шавад.