ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Пешниҳодҳои раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои тағйироти кадрӣ дар мақомоти додгоҳию додситонӣ аз ҷониби Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ ёфтанд.
Палатаи болоии парлумон, таҳти раёсати Рустами Эмомалӣ дар асоси пешниҳодҳои раисҷумҳур ризоият дод, ки аз вазифаи муовинони Прокурори генералии ҷумҳурӣ, Дилшод Талбакзода ва Мирзоамон Рофизода сабукдӯш шаванд.
Ҳамчунин барои аз вазифаи сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон озод намудани Икром Зоирзода низ розӣ шудаанд.
Аъзои палатаи болоӣ аз пешниҳоди ба вазифаи муовини якуми прокурори генералӣ таъин намудани Умед Каримзода, ба вазифаи муовини прокурори генералӣ Сарвар Азимзода ва ба вазифаи сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон таъин намудани Ҳабибулло Воҳидзода ҷонибдорӣ кардаанд.
Дар баробари ин бо қарорҳои Маҷлиси миллӣ бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан СаломатҲакимзода ва Марҳабо Наимзода аз вазифаи судяи Суди Олии кишвар озод карда шуданд.
Файзалӣ Комилӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми раиси Суди олии Тоҷикистон бозхонд шудаст.
Дар зимн Зебонисо Абдуллозода муовини якуми раиси Суди олии иқтисодӣ ва Сайдабону Аминзода судяи Суди олии иқтисодии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Рустами Эмомалӣ аз мақомдорони ҷадид пурзӯр кардани назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо, таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро талаб кардаст.