ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Нархи озуқа дар Тоҷикистон соли гузашта 3,4%, маҳсулоти ғайриозуқа - 6,6% ва хизматрасонӣ 1,2% гарон шудааст.
Дар ин бора муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Аҳлиддин Нуриддинзода зимни нишаст дар мавзӯи нишондиҳандаҳои иқтисодию иқтимоии кишвар дар соли 2023 иттилоъ дод.
Муовини вазири рушди иқтисод гуфт, таваррум дар сатҳи муътадил боқӣ монда, дар умум 3,8%-ро ташкил медиҳад, ки поинтарин нишондод дар солҳои охир ба шумор меравад.
Ба ҳисоби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон миёни маҳсулоти озуқаворӣ ҷаҳиши нисбатан баланди нарх ба шакару мевагӣ рост меояд. Аз ҷумла нархи шакар дар соли гузашта наздики 28% ва мевагӣ зиёда аз 33% боло рафтаст. Афзоиши нархи маҳсулоти қаннодӣ дар сатҳи қариб 12% аст.
Дар баробари ин гӯшти гӯсфанд беш аз 11%, гӯшти гов қариби 6% ва гӯшти мурғ қариби 2% гарон шудаст.
Миёни маҳсулоти ғайриозуқа беш аз ҳама гази моеъ ва бензин гарон шудаанд, ки нархи аввалӣ беш аз 27% ва дигарӣ қариби 25% боло рафтаст.
Дар баробари ин нархи доруворӣ беш аз 13%, асбобҳои маишӣ қариби 8%, масолеҳи сохтмонӣ наздики 5,5% ва пойафзол беш аз 3% зиёд гардидаст.
Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли гузашта 130,8 млрд сомонӣ расидаст, ки рушди он 8,3% ташкил дод.