Калонтарин сармоягузорони Тоҷикистон кишварҳои узви ИИАО мебошанд

Кумитаи давлатии сармоягузории Тоҷикистон сегонаи давлатҳои калонтарин сармоягузори ҷумҳуриро эълон намуд, ки дутояш узви ИИАО мебошанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Қазоқистон дар сархати кишварҳое қарор гирифтааст, ки аз онҳо дар соли гузашта аз ҳама зиёд ба иқтисодиёти Тоҷикистон сармоягузорӣ сурат гирифтаст
Ин нуктаро муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, Хуршедаи Қодир зимни муаррифии дастовардҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар Душанбе баён дошт.
Ба сегонаи калонтарин кишварҳои сармоягузор дар иқтисоди Тоҷикистон дар соли гузашта, Қазоқистон, Чин ва Русия дохил гардидаанд, ки дутои онҳо узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мебошанд.
Аз ҷумла Қазоқистон беш аз 220 млн доллар, Чин беш аз 130 ва Русия қариб 100 млн доллари амрикоӣ ба Тоҷикистон сармоягузорӣ намудаанд.
Раҳмон: ба сармоягузорон дар Тоҷикистон садҳо сабукӣ пешбинӣ шудаст
Дар умум соли 2023 воридоти сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон 2,7 млрд долларро ташкил дод, ки дар муқоиса бо нишондоди соли қаблӣ 114 млн доллар ва ё беш аз 4% зиёд аст.
Таъкид шудаст, ки барои ҷалби бештари сармояи мустақим ва диверсификатсияи он мулоқоти маҷозии соҳибкорони Тоҷикистон бо кишварҳои мухталиф мулоқотҳои ҳузурию онлайнӣ гузаронда мешаванд.
Манбаъ афзуд, ки соли гузашта барои бунёди 4 корхонаи бузурги саноатию хизматрасонӣ, ки маблағи онҳо доираи 1,4 млрд сомонӣ пешбинӣ гардидааст, бо сармоягузорони хориҷиву ватанӣ созишномаҳои сармоягузорӣ ба имзо расонида шуда, корбарӣ барои воридоти сармоя ва оғози лоиҳаҳо идома дорад.
Кумита афзуд, сармояи мустақим асосан ба истихроҷи маъдан, саноати коркард, миёнаравии бонкӣ, сохтмон, нақлиёт, алоқа, меҳмонхонаҳо ва ғайра равона карда шудаанд.