ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Лаҳистон тасмим надорад, нирӯҳояшро ба Украина фиристад, изҳор дошт роҳбарияти Вазорати мудофиаи ин кишвар.
Вазири дифои Лаҳистон, Чезари Томчик дар шарҳи эҳтимоли фиристодани нерӯҳои кишвараш ба Украина гуфт, ҳатто чунин фикре нест.
"Дар Лаҳистон чунин лоиҳа ё чунин идея вуҷуд надорад", - изҳор дошт вазири мудофиаи кишвар.
Қаблан раисиҷумҳури Лаҳистон Анжей Дуда гуфта буд, ки ширкаткунандагони конфронси якрӯза дар масоили Украина дар Порис, ки бо ташаббуси президенти Фаронса Эммануэл Макрон даъват шуда буд, “дар ин масъала комилан созиш надоштаанд”.
Худи Макрон эъзоми нирӯҳои Иттиҳодияи Аврупо ба Украинаро истисно накард.
"Ҳанӯз тавофуқ ҳосил нашудааст, аммо ҳеҷ чизро истисно кардан мумкин нест", - гуфт раисҷумҳури Фаронса зимни нишасти матбуотӣ.
Қаблан нахуствазири Словакия Роберт Фико гуфт, ки кишварҳои алоҳидаи Иттиҳодияи Аврупо "дар асоси равобити дуҷониба имкони фиристодани низомиёни худро ба Украина баррасӣ мекунанд".