Се асъори калидии хориҷӣ дар Тоҷикистон гарон шуданд

Арзиши се асъори хориҷии калидӣ, ки дар бозори нақди Тоҷикистон нисбатан серистеъмоланд, дар баробари пули сомонӣ майл ба гароншавӣ дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Нархи сомонӣ дар баробари рубл, доллар ва евро дар бозори арзи Тоҷикистон коҳиш ёфт.
Бар асоси арзномаи Бонки миллии Тоҷикистон, нархи пули русӣ каме боло рафта, 1000 рубл ба 118,8 сомонӣ баробар шуд, ки ин нисбат ба нишондоди рӯзи қаблӣ 70 дирам гаронтар мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки рубл дар Тоҷикистон яке аз сертаваҷҷуҳтарин асъор ба шумор меравад ва қимати он ба пул дар кисаи аҳолии кишвар таъсири бевосита дорад.
Аз ҷумла садҳо ҳазор тоҷикистонӣ дар Русия кор мекунанд ва маблағро бо рубл мегиранду мефиристанд, аммо хонаводаҳояшон вобаста ба қурб онро бо сомонӣ мегиранд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон: доллар каму рубл зиёд шуда истодааст
Бонки миллии Тоҷикистон нархи доллари ИМА-ро 10.9585 сомонӣ ва евроро 11. 8969 сомонӣ муайян намудаст.
Қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар ташкилотҳои қарзӣ барои доллари ИМА аз 10.9585 то 10.9800 сомонӣ, евро аз 11.8969 то 12.0300 сомонӣ ва ҳазор рубли русӣ 118,8 то 121 сомонӣ мебошад.
БМТ огоҳ кардааст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид гардидаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.