Ҳукумат барои НБО "Роғун" аз хазинаи муътадилӣ маблағ ҷудо кард

Раёсати нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" муваззаф шудааст, ки истифодаи мақсадноки маблағҳоро таъмин намояду ба Вазорати молияи Тоҷикистон ҳисобот диҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон барои нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" 100 млн сомонӣ ҷудо кард. Қарор дар ин бораро раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон имзо намуд.
Таъкид шудааст, ки маблағи мазкур барои пур кардани хазинаи оинномавии ҷамъият равона шуда, раёсати нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" муваззаф шудааст, ки истифодаи мақсадноки маблағҳоро таъмин намояду ба Вазорати молияи Тоҷикистон ҳисобот диҳад.
Дар маҷмуъ соли равон дар назар аст, ки барои сохтмони нерӯгоҳ 5 млрд сомонӣ равона гардид. Вазорати молия мегӯяд, талош мекунанд, 2,2 млрд сомониро аз хориҷ ва боқимондаро аз манобеи дохилӣ ҷалб созанд.
Соли гузашта аз буҷаи Тоҷикистон барои сохтмони НБО "Роғун" дар соли гузашт 5,2 млрд сомонӣ сарф шуд, ки нисбати нақша 2,7 млрд сомонӣ зиёд аст.
“Айби табиат ё мудирият”: чаро барқ дар Тоҷикистон нест?
Вазири молияи Тоҷикистон, Файзиддин Қаҳҳорзода гуфт, ҳадаф нигоҳ доштани суръати сохтмони нерӯгоҳ, ҷойҳои корию расидан ба истиқлоли энергетикӣ мебошад, илова намуд вазир.
Мақомоти энергетикии Тоҷикистон қаблан изҳор доштанд, ки барои татбиқи "Роғун" ҳамасола зарур аст, ки ҳудуди 1 млрд доллари амрикоӣ равона карда шавад.
Вазири молияи Тоҷикистон дар шарҳи он, ки оё ин имконпазир аст, изҳор дошт, ки тамоми талошҳо барои ҷалби маблағгузориҳо ба бунёди нерӯгоҳи "Роғун" амалӣ шуда истодаанд.
Ӯ яке аз мавзуъҳои асосии суҳбатҳои раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва мизҳои гирду дигар ҳамоишҳоро ҷалби маблағгузорӣ ба "Роғун" хонд.