Вакили парлумон: маоши муҳоҷирони тоҷикистонӣ зиёд мешавад

Раиси Кумитаи парлумони Тоҷикистон дар масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ изҳори боварӣ намуд, ки таваҷҷуҳ ба муҳоҷирони кории тоҷик афзоиш меёбад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Ҳатмӣ шудани таҳсили миёна ва ё касбӣ дар Тоҷикистон талабот ба мутахассисони тоҷик дар хориҷро низ афзоиш дода, барои афзоиши музди онҳо мусоидат хоҳад кард.
Ин нуктаро раиси Кумитаи парлумони Тоҷикистон дар масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, Сумангул Тағойзода, ки дар гузашта вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ низ буд, зимни ҷаласа дар Маҷлиси намояндагон ба ҳимоят аз ҳатмӣ шудани таҳсилоти зинаи сеюм баён дошт.
Доштани маълумоти миёнаи махсус ва таълимоти касбӣ баъд аз хатми синфи 9 нақши муҳимро дар масири таълимӣ ва касбии шаҳрвандони Тоҷикистон бозӣ мекунад, овардааст нашрияи парлумонии "Садои мардум" аз қавли Тағойзода.
"Гирифтани касб сатҳи даромад ва мақоми иҷтимоии ­шахсро баланд мебардорад, ки ин ба сифати зиндагии ӯ ва фаровонии оилааш таъсири мусбат мерасонад", - афзуд ӯ.
Вай зикр намуд, ки як қисми шаҳрвандони ҷумҳурӣ барои фаъолияти меҳнатӣ берун аз кишвар сафар мекунанд ва таҳсилоти ҳатмии миёнаю касбӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ низ беҳбудӣ меорад.
Ба гуфтаи вакил, вуҷуди шаҳодатнома дарҳоро ба касбҳое, ки таълиму тарбияи махсусро талаб мекунанд ва одатан маоши ­баландро пешниҳод мекунанд, мекушояд.
Нархи патент дар минтақаҳои Русия барои соли 2024 – тасвирбаён
"Малакаҳо ва донишҳои касбӣ, ки бо шаҳодатнома тасдиқ шудаанд, ба мутобиқшавӣ осонтар дар муҳити иҷтимоӣ ва фарҳангии нав мусоидат мекунанд, зеро муҳоҷир метавонад осонтар бо ҳамкорон муошират кунад ва дар ҷомеаи касбӣ интег­ратсия шавад", - афзуд Тағойзода.
Вай ҳамчунин барқарор намудани фаъолияти комбинатҳои таълими истеҳсолиро дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пешниҳод намуд, ки барои соҳибкасб гаштани ҳар як шаҳрванд замина мешавад.