ИИАО хоҳони рушди соҳибкорию ҳамгироист

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҷонибдори шарикии дарозмуддат ва ҳамкории созанда бо доираҳои соҳибкорӣ ва намояндагони бахши хусусии иттиҳодия мебоошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ният доранд, ки мушкилоту масоили марбутитиҷоратро зери назорати доимӣ гиранд.
Дар ин бора Комиссияи иқтисодии Авруосиё хабар дод.Қайд карда мешавад, ки вохӯрии ҳайати КИАО бо доираҳои соҳибкорӣ дар Қазоқистон дар бинои Палатаи миллии соҳибкорони "Атамекен" баргузор гардид.
Вазири комиссияи иқтисодии АвруОсиё, Бахит Султонов ва намояндагони доираҳои соҳибкорӣ тарҳҳои ҳамгироӣ дар доираи созмон ва рушди соҳибкориро баррасӣ намуданд.
"Дар мулоқот ҳайати Комиссияи иқтисодии АвруОсиё бо соҳибкорони Қазоқистон масъалаҳои беҳбуди шароити тиҷорат ва равандҳои ҳамгироӣ дар фазои Иттиҳодро баррасӣ карданд", - омадааст дар иттилоия.
ММД кишварҳои ИИАО ба 2,4 трлн доллар расид
Ҷониби соҳибкорон ҳамчунин мушкилот ва пешниҳодҳои ҷомеаи соҳибкоронро иброз дошт, ки Комиссия ваъда додааст, тавассути ҷалби шӯъбаҳои дахлдори соҳа роҳи ҳалли онҳоро пайдо хоҳад кард.
Созиш дар мавриди баргузории мунтазами видеоконфронсҳо ҷиҳати мониторинги масъалаҳои мубрами рӯз ба имзо расид, ки аз хоҳиши шарикии дарозмуддат ва ҳамкории созандаи байни ҷонибҳо шаҳодат медиҳад.
Қаблан зикр шуда буд, ки истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё қариб 4% афзудааст. Ҳамчунин маҷмуи маҳсулоти дохилии кишварҳои узви иттиҳодия низ майли афззоиш дошта, ҳудуди 2,4 трлн долларро ташкил додаст.