ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Шаҳром Самиев футболбозои тоҷик минбаъд фаъолияти худро дар тими "Андиҷон" -и Ӯзбекистон идома медиҳад.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод.
"Ҳамлагари дастаҳои миллӣ ва олимпии Тоҷикистон Шаҳром Самиев фаъолияти худро дар тими "Андиҷон", ки шомили Суперлигаи Ӯзбекистон аст, идома медиҳад", - омадааст дар хабари ФФТ.
Манбаъ меафзояд, футболбози тоҷик бо тими нав шартномаи сесола имзо намудааст.
Қаблан Самиев дар дастаҳои "Барқчӣ", "Помир", "Истиқлол" (ҳама аз Душанбе), "Рубин" (Русия), "Шериф", "Динамо-Авто", "Зимбру" (ҳама аз Молдова), "Торпедо-Жодино", "Ислоч" (ҳар ду аз Беларус) бозӣ намуда буд. Охирин бошгоҳи ӯ"Милсами"-и Молдова мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки Самиев аз соли 2019 дар тими миллии Тоҷикистон бозӣ мекунад. Дар ин муддат ӯ дар ҳайати мунтахаби кишвар 27 бозӣ анҷом дода, муаллифи 7 гол гардидааст.
Дар Ҷоми Осиё-2023 Самиев дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон дар панҷ бозӣ ширкат карда, 165 дақиқаро дар майдон сипарӣ кардааст.