ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаҳои навсозӣ ва ободонии минбаъдаи як қатор кӯчаю хиёбонҳо ва маҳаллаҳои пойтахт муаррифӣ кардааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар гузориш медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, бар асоси гузориши шаҳрдорӣ дар доираи татбиқи минбаъдаи Нақшаи генералии пойтахт, як қатор кӯчаю хиёбонҳо ва маҳаллаҳои кӯҳнаи пойтахт мавриди навсозию ободонӣ қарор мегиранд.
"Аз ҷумла ободонии канори чапи соҳили дарёи Душанбе дар шафати кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров аз буриши хиёбони Саъдии Шерозӣ то кӯчаи давродаври ҷанубӣ дар масоҳати наздики 110 гектар бо риояи меъёрҳои иншооти соҳаи маишӣ ва фароғату дилхушӣ ба нақша гирифта шудааст",- афзудааст манбаъ.
Ба ҳамин тартиб хиёбони Саъдии Шерозӣ аз буриши хиёбони Неъмат Қаробоев ба самти ғарб то буриши хиёбони Ҷаббор Расулов ва ду шафати кӯчаи Айнӣ то баромадгоҳи шарқии пойтахт дар масоҳати 138,1 гектар мавриди навсозию ободонӣ қарор мегиранд.
Пас аз муаррифӣ ба кишвардор Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки зимни таҳияи лоиҳаҳои навсозии маҳаллаҳои истиқоматӣ, талаботи баланди санъати меъморӣ, бунёди тамоми зербинои иҷтимоӣ ва коммуникатсионӣ ба назар гирифта шавад.
"Супориш дода шуд, ки биноҳои истиқоматӣ аз ҳад баланд ба нақша гирифта нашаванд",- афзудааст манбаъ.
Ҳамчунин доир ба васеъ ва ободу зебо намудани роҳҳои кӯчаю хиёбонҳо, ободонии ду паҳлуи роҳҳо, бунёди эстакада ё худ роҳҳои бисёрқабата дар чорроҳаҳои калони сермошин президент дастуру супоришҳо додааст.
Таъкид гардид, ки марказҳои калони савдою хизматрасонӣ ва дигар биною иншооти зарурӣ дар ҳамаи минтақаҳои пойтахт, аз ҷумла дар канораҳои он ҳам бояд бунёд ёбанд, то мардум дар ҳама гӯшаҳои шаҳр ба онҳо дастрасӣ дошта бошанд ва ба ин тариқ аз тамбашавии роҳҳо дар кӯчаҳои марказӣ пешгирӣ карда шавад.