ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Афсарони пойгоҳи низомии 201 дар Тоҷикистон сарбози 100-солаи ҷабҳа Мухтор Заргаровро бо Рӯзи муҳофизони Ватан табрик гуфтанд.
Ҳайат афсарон ба собиқадор номаи табрикотӣ расонида, туҳфаҳои хотиравӣ бо рамзҳои воҳиди низомии Русия ва ба тамоми оилаи серфарзандаш беш аз 100 кило ғизо доданд.
Онҳо ба Мухтор Заргаров саломатии бардавом, умри дароз орзу карда, ба ӯ барои мардонагӣ ва қаҳрамоние, ки дар солҳои ҷанг нишон дод, миннатдорй баён карданд.
Дар фарҷом оркестри ҳарбӣ барои ҷанговарони ҷабҳа сурудҳои солҳои ҷангро навохтаву сароиданд.
Собиқадор ба хизматчиёни ҳарбӣ барои табрикашон миннатдорӣ баён карда, дар бораи роҳи ҷангии худ нақл кард.
Мухтор Заргаров соли 1924 таваллуд шудааст.
Ӯ соли 1942 баробари 18-сола шуданаш ихтиёран ба ҷабҳа рафт. Ӯ дар амалиёти ҷангӣ дар Беларус, Украина ва Лаҳистон ширкат карда, ба ҳайси пулемётчӣ хизмат кардааст.
Заргаров ғалабаро дар шаҳри Кониксберг (Калининград) таҷлил кард.
Пойгоҳи 201-уми низомии мустақар дар Тоҷикистон бузургтарин таъсисоти низомии Русия дар берун аз марзи ин кишвар аст. Он дар ду шаҳр - Душанбе ва Бохтар ҷойгир шудааст.