Раҳмон бо мукофоти олии Тотористон қадрдонӣ шуд

Президенти Тоҷикистон дар маросими тақдими мукофот аз имкону захираҳои фаровон барои густариши ҳамкорӣ бо Тотористон гуфта, ҳавасмандии Душанберо баён дошт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Раиси Тотористон, Рустам Минниханов президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонро бо мукофоти олӣ - ордени "Дуслик" ё худ "Дӯстӣ" сарфароз гардонд.
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, бо фармони Тотористон, орден ба Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми барҷастаашон дар рушди ҳамкорӣ миёни ду ҷониб ва таҳкими дӯстию тафоҳум миёни мардум дода шудаст.
Ордени “Дуслик” мукофоти олии Ҷумҳурии Тотористон ба шумор меравад, таъкид намуд манбаъ.
Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ ба роҳбари Тотористон барои чунин қардшиносии олӣ арзи сипос намуда, ин мукофотро баҳои арзанда ба тамоми мардуми Тоҷикистон мансуб донистаст.
Ҳамааш хуб мешавад: Раҳмон ба Путин асабҳои оҳанин хосту аз пешсафии Русия гуфт
Вай ҳамчунин аз имкону захираҳои фаровон барои густариши ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Тотористон ёдовар шуда, ҳавасмандии ҷониби Душанберо ба истифодаи пурсамар аз онҳо таъкид доштст.
Зикр гардид, ки мардуми Тоҷикистон бо Тотористон робитаҳои судманди ҳамкорӣ дорад. Дар ин зимн барои муҳайёсозии заминаҳои хуби таҳсилотӣ ба донишҷӯёни сершумори тоҷик дар ин минтақа арзи сипосу қадрдонӣ карда шуд.
Қаблан раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон ордени дараҷаи III “Барои хидматҳо дар назди Ватан" тақдим карда буд. Соли 2017 раисҷумҳури Русия Эмомалӣ Раҳмонро бо Ордени Александр Невский сарфароз гардонид.