ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Дарвозабони тоҷик, Рустам Ятимов, ки дар ҳайати тими "Истиқлол"-и Душанбе ва тими мунтахаби Тоҷикистон бозӣ мекунад, ба нархаш 300 ҳазор еврои дигар зам карда, арзишаш ба 1,2 млн евро расидаст.
Тибқи маълумоти портали Transfermarkt, ки футболбозони ҷаҳонро арзёбӣ мекунад, нархи Ятимови 25-сола охири соли 2023 ҳудуди 900 ҳазор евро ва нимаи соли 2022 ҳудуди 400 ҳазор евро ҳисоб шуда буд.
Дарвозабони зодаи Нижний Новгород дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон 40 бозӣ анҷом додаст. Феълан гаронтарин дарвозабони Осиёи Марказӣ буда, ҳамчунин ба даҳгонаи гаронтарин футболбозони минтақа ворид гардидаст.
Нархи Ятимов баъди иштирокаш дар Ҷоми Осиё дар ҳайати тими мунтахаби Тоҷикистон дар Қатар боло рафт, ки даста ғайриинтизор барои бисёриҳо то даври чорякниҳоӣ расид.
Дар пайи ин бозиҳо инчунин нархи ҳимоятгари марказӣ Зоир Ҷӯрабоев низ 100 ҳазор евро боло рафта, ба 700 ҳазор евро расид. Ба нархи Ваҳдат Ҳанонов низ 100 ҳазор евро зам шуда, ба 450 ҳазор евро расидаст.
Ҳамчунин нархҳои Аҳтам Назаров, Манучеҳр Сафаров, Алишер Шукуров низ боло рафтаанд. Нархи Эҳсони Панҷшанбе дар муқоиса бо охири соли 2023 бетағйир ва моҳи августи соли гузашта 100 ҳазор евро боло рафта, дар сатҳи ним млн евро қарор дорад.
Дар умум тибқи арзёбиҳои охир, нархи тими мунтахаби Тоҷикистон, ки шомили 26 бозигар мебошад, наздики 8,4 млн евроро ташкил медиҳад. Лигаи олии Тоҷикистон, ки 10 тиму 200 бозигарро дар бар мегирад, беш аз 9,3 млн евро баҳогузорӣ шудаст.