Ифтитоҳи "Бозиҳои оянда" дар Қазон ба ривояти тасвир - аксҳо

Президенти Тоҷикистон ҳамроҳ бо ҳамтоёнаш аз бархе кишварҳои дигари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар маросими ифтитоҳи "Бозиҳои оянда" ширкат кард
Sputnik
1 / 10

Мусобиқаи байналмилалии "Бозиҳои оянда" аз 21 феврал то 3 марти соли равон дар шаҳри Қазон идома хоҳад кард.

2 / 10

Тоҷикистонро 35 варзишкор дар сабқатҳои яккаву гуруҳӣ намояндагӣ мекунанд.

3 / 10

Намояндагони Тоҷикистон аз ҷумла дар панҷ намуд - омехта, барномарезии варзишӣ, "Just dance" ва "Beat Saber" зӯрозмоӣ мекунанд.

4 / 10

Президенти Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳ ба иштирокдорон муваффақият таманно кард.

5 / 10

Иштирокдорони ин мусобиқаҳо, ки беш аз ду ҳазор нафар аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон мебошанд.

6 / 10

Дар маҷмуъ аз рӯи 21 намуд бозиҳои ҷисмонӣ ва интеллектуалию маҷозӣ қувваозмоӣ хоҳанд кард.

7 / 10

Роҳбарони давлатҳо бо бархе аз иштирокдорон мулоқоту суҳбат карданд.

8 / 10

Ба гуфти созмондиҳандагони мусобиқот, ин гуна бозиҳо бори аввал ташкил ва баргузор мегарданд.

9 / 10

Масъулин бовар доранд, ки ин тасмим имрӯзу оянда таваҷҷуҳи варзишгарону ҳаводорони сершуморро ба худ ҷалб намуда, дар воқеъ ба бозиҳои оянда дар ҷаҳон табдил меёбанд.

10 / 10

Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳи баргузорию ташкилии мусобиқот баҳои баланд дод.