ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба Қазон бо президенти Русия, Владимир Путин мулоқот карда, густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намудаст.
Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, дар вохӯрӣ ҳолати имрӯза ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, ҳамчунин масоили алоҳидаи байналмилалию минтақавӣ баррасӣ шуд.
Дар мулоқот Раҳмон ба Путин саломатӣ ва асабҳои оҳанин хоста, таъкид намуд, ки ҳамааш хуб мешавад.
Сарони ду давлат ба натиҷаҳои музокироти расмии сатҳи олии Тоҷикистону Русия, ки моҳи ноябри соли 2023 дар шаҳри Москав баргузор гардида буд ва ҳамчунин нишасти навбатии Комиссияи байниҳукуматии моҳи декабри соли гузашта доиргардида баҳои баланд доданд, афзуд манбаъ.
Дар мулоқот зикр гардид, ки ҳаҷми гардиши дуҷонибаи мол дар соли гузашта ҳудуди 2,5% афзоиш ёфтааст. Ҳаҷми умумии савдои солонаи Тоҷикистону Русия соли гузашта 1,8 млрд доллари амрикоӣ ҳисоб шудаст.
Русия пешсафии худро дар ҳаҷми умумии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон нигоҳ доштааст, афзуд манбаъ.
Як зумра масъалаҳои ҳалталаб дар соҳаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳ, ба мисли энергетика, кишоварзӣ, сармоягузорӣ, муҳоҷират, маориф ва фарҳанг низ баррасӣ гардида, мувофиқаҳои зарурӣ ба даст омад, илова намуд дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон.
Дар мулоқот Владимир Путин бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳи муносиботи ду кишвар афзудаст, ки миёни ду тараф масоили ҳалнашаванда вуҷуд надорад.