ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Варзишкорони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии маҷмӯии "Бозиҳои оянда" ширкат мекунанд.
Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии ҷумҳурӣ ба Спутник Тоҷикистон хабар доданд.
Ин чорабинӣ аз 21 феврал то 3 марти соли равон дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия баргузор мешавад.
Ба иттилои манбаъ, дар ин чорабинӣ ҷумҳуриро 35 варзишкор дар сабқатҳои яккаву гуруҳӣ намояндагӣ мекунанд.
"Дар умум варзишкорони тоҷик дар панҷ намуд- омехта, барномарезии варзишӣ, "Just dance" ва "Beat Saber" вориди сабқатҳо мешаванд", - афзуд манбаъ.
Қарор аст, ки дар он зиёда аз 260 дастаи ботаҷриба ва беш аз 2000 варзишгар аз 107 кишвари гуногун дар 21 риштаи инноватсионии: 16-тои асосӣ ва 5-то дар барномаи васеъ ширкат кунанд.
Мусобиқа ба 5 категория тақсим мешавад: варзиш, усул, стратегия, технология ва суръат.
Бозиҳо бисёрҷабҳа ва бо формати нав мебошад, ки аввалин бор дар таърих доир шуда, мусобиқаҳои ҷисмонӣ ва рақамиро муттаҳид мекунанд, дар варзиши ҷаҳонӣ давраи навро оғоз месозанд.
Маблағи умумии ҷоиза дар ҳама риштаҳо 10 миллион долларро ташкил медиҳад.
Озмунҳои байналмилалӣ аз рӯи 21 фанни инноватсионӣ (16-то дар барномаи асосӣ ва 5-то дар барномаи васеъ) баргузор мешаванд. Ҳар яки онҳо мафҳуми “фиджитал” (physical+digital)-ро ифода мекунад, яъне тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши киберро дар бар мегирад. Ғолиб аз рӯи ҷамъи натиҷаҳои варзишгарон дар ҳар ду барнома муайян карда мешавад.