Коршинос: Афғонистон барои эҷоди манбаи ташаннуҷ дар Осиёи Марказӣ истифода мешавад

Тамоми гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон ба шарофати дастгирии англосаксонҳо ҳузур доранд, чунин назар дорад, доктори илмҳои иқтисод Вячеслав Некрасов
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Ҳудуди Афғонистон барои эҷоди ташаннуҷ дар марзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ, инчунин барои заиф кардани нуфузи Русия истифода мешавад.
Дар ин бора доктори улуми иқтисод, аъзои раёсати Шӯрои соҳибкорон оид ба инкишофи ҳамкории иқтисодӣ бо ҷумҳурӣ дар Палатаи савдо ва саноатии Русия Вячеслав Некрасов.

"Вақте шумораи зиёди одамони камбизоат, гурусна, бемор, ноумед вуҷуд дорад, онҳоро ба ҳамкорӣ ҷалб кардан осонтар аст, моҳе 200-300 доллар маош додан кифоя аст ва одам ба бисёр чиз, ҳатто худкушӣ омода аст... Гуфтан мумкин нест, ки нерӯҳои эътилофи ғарбӣ Афғонистонро тарк карданд ва аз онҷо комилан рафтанд”, - гуфт коршинос.

У хотиррасон кард, ки ИҶШС дар як вақт зиёда аз 100 ҳазор нафар мутахассис тайёр карда, элитаи бомаърифати Афғонистонро аз нав ба вуҷуд овард.
"Дар замони Шӯравӣ саводнокии аҳолӣ якбора боло рафт. Ҳоло равандҳои баръакс ҷараён доранд, зеро имкон нест. Ҷавонон намехонанд, дар беҳтарин ҳолат мадрасаи ибтидоӣ мегиранд", - шарҳ дод ӯ.
Некрасов дар баробари ин қайд кард, ки ба ҳукумати Толибон* муяссар шуд, ки баъди ба сари ҳокимият омадан дар мамлакат тартиботи ҷиноятии берунӣ барқарор намояд.
“Ин кори онҳост”: ВКХ дар бораи консулгарии Толибон дар Тоҷикистон
"Дар давраи ҳукмронии Ғарби дастаҷамъӣ истеҳсоли маводи мухаддир... даҳ баробар афзуд. Толибон* соли гузашта фармоне бароварданд ва тавлиди маводи мухаддир хеле кам шуд. Дар ҳоле ки омор дода намешаванд, якбора дар кӯча нашъаманд нест шуданд. Марказҳо ташкил карда шудаанд, ки дар онҳо ин нашъамандон табобат мегиранд” , - қайд кард коршинос.
Аммо, ба гуфтаи вай, гуфтан мумкин нест, ки Толибон* тавонистаанд тартиботи зиддитеррористӣ таъсис диҳанд.
“Албатта, ҳамлаҳои террористӣ камтар аст, аммо мухолифони мусаллаҳ дар шакли Ҳаракати исломии Узбакистон**, Ал-Қоида**, ДОИШ** ҳузур доранд – ҳамаи ин гурӯҳҳо ба ин ё он дараҷа ба шарофати дастгирӣ кардани англо-саксонҳо, ки сиёсати зиддирусии худро давом медиҳанд",- гуфт дар хотима/
*Толибон созмонест, ки барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.
** Ташкилотҳои террористӣ, дар Тоҷикистон ва Русия мамнӯъ аст.