ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Моҳи январи соли 2024 дар тамоми кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё болоравии нархҳои истеъмолӣ ва тарофаҳоро нисбат ба моҳи декабри соли гузашта ба қайд гирифта шудааст, иттилоъ додааст портали молиявии "Акчабар".
Афзоиши нархҳо ба хусус дар Қирғизистон, ки мизони таваррум 0,2%-ро ташкил дод ба қайд гирифта шуд.
Ҳамчунин дар ин кишвар ба болоравии нарх асосан болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ 0,4% таъсир расонд.
Сатҳи баландтарини таваррум дар моҳи январи соли 2024 нисбат ба моҳи январи соли 2023 дар Қазоқистон – 9,5% ба қайд гирифта шудааст, ки дар он нархи маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла нӯшокиҳои спиртӣ ва тамоку 8,2 фоиз ва тарифҳои хизматрасонӣ 12,3 фоиз боло рафтаанд.
Афзоиши зиёди нархи маҳсулоти ғайриозуқа дар Қирғизистон – 8,6% ба қайд гирифта шудааст.
Тибқи омори расмӣ, дар моҳи январи соли 2024 нисбат ба моҳи гузашта болоравии нархҳо ҳам ба маҳсулоти ғизоӣ, ҳам ғайриозуқа ва ҳам ба хизматрасониҳо дар ҳамаи кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё таъсир расонидааст.
Дар Арманистон нархҳо 1,2%, Беларус ва Қазоқистон 0,8% ва дар Русия 0,9% боло рафтаанд.