ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. То 21 феврал дар Тоҷикистон сардии шадид ва бориши борону барф дар назар аст.
Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ ҳушдор медиҳад.
Гуфта мешавад, дар манотиқи кӯҳистонӣ боридани барфи зиёд имконпазир буда, дар ҷоддаҳо резиши барф, тарма ва яхбандӣ дар назар аст.
Ҳамин тариқ, дар вилояти Суғд шабона ва рӯзона то 2-7 дараҷа, дар водиҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ шабона то 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона -3+2 дараҷа гармӣ пешбинӣ шудааст.
Илова бар ин, дар баъзе ноҳияҳои Суғду Хатлон ва НТҶ вазиши шамол то 17-22 м/с мешавад.
"Вазъи номусоиди обуҳаво дар кори нақлиёт, алоқа, барқрасонӣ ва хизматрасонии комуналӣ мушкил эҷод мекунад", - таъкид кардааст Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Бо мақсади саривақт вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда ва таъмини бехатарии ҳаракат дар қитъаҳои махсусан осебпазири роҳҳои кишвар: Майхура, ноҳияи Варзоб, километри 72 шоҳроҳи Душанбе - Айнӣ, Душанбе - Ванҷ постҳои шабонарӯзии сайёр таъсис дода шудаанд.
Қаблан мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ширкати миллии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ як барномаи мобилии SOS-ро барои кӯмак ба шаҳрвандон дар ҳолатҳои изтирорӣ таҳия карда буданд.
Мушаххас карда мешавад, ки барнома дар бораи ҳолатҳои фавқулода, огоҳии фаврӣ дар бораи тағирёбии обу ҳаво ва ҳолатҳои фавқулодаи эҳтимолиро аз рӯи минтақаҳо огоҳ мекунад.
Айни замон замима озмоиш карда мешавад ва пас аз он ҳар соҳиби смартфони замонавӣ, ки дар асоси системаҳои оператсионии Android ва iOS асос ёфтааст, метавонад онро насб кунад.
Замимаи мобилии SOS як ҳалли ҳамаҷониба барои беҳтар кардани бехатарӣ ва омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода мебошад.