Раиси Хадамоти гумрук ҷой доштани коррупсия дар ниҳоди тобеяшро эътироф кард

Роҳбари Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар посух ба суоли ҷой доштани фасоду амалҳои коррупсионӣ дар ин ниҳод эътироф кард, ки чунин ҳолатҳо ҷой доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар соли гузашта 12 нафар кормандони Хадамоти гумрукро ба ҷавобгарӣ кашиданд.
Ин нуктаро раиси Хадамоти гумруки кишвар, Хуршед Каримзода баён дошта, дар мавриди ҷой доштани ҳолатҳои коррупсионӣ дар ин ниҳод гуфт, "албатта аст, мутаассифон аст".
Вай тавзеҳ дод, ки чанде аз кормандони гумрук дар соли гузашта барои хунукназарӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд.
"Вақте маводи мухаддир мегузарад, барои хунукназарӣ кормандони ҳамон смена ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд", - гуфт ӯ.
Вай афзуд, гоҳо маводи мухаддир, ки мақомдорони гумруки тоҷик намеёбанд, дар Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Русия ошкор мешаванд.
Дар баробари ин ба гуфтаи Каримзода давоми соли гузашта беш аз 40 корманд муҷозоти интизомӣ, аз ҷумла танбеҳи қатъӣ гирифта, як нафар аз мақомот озод шуд.
Вай эътироф кард, ки камбудӣ дар кори гумрукчиён аст ва роҳбарият талош хоҳад кард, ки аз он ҷилавгирӣ шавад.
Ҷаҳиши воридоти худравҳои барқӣ ба Тоҷикистон: Чанд адад ва бо кадом нарх?
Каримзода дар зимн таъкид намуд, ки барои риояи қонунгузорӣ бояд ду тараф саҳмгузор бошанд.
"Баъзе шахсоне ҳастанд, ки ягон чизро риоя намекунанд, талаботи қонуниро инкор мекунанду шикоят мекунанд, ки ин ё он моро ғам дод", - гуфт раиси хадамот.
Вай гоҳо танбашавии воситаҳои нақлиётро дар гузаргоҳҳо ба дарёфти маълумоти оперативӣ рабт дод. Фаҳмонд, гоҳо маълумот мегиранд, ки фалон рӯзҳо бояд маводи мухаддир гузаронда шавад ва масъулинро зарур меояд, ҳар нақлиётро бодиққатона бисанҷанд. Ягон ғараз нест ин ҷо, гуфт ӯ.