ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Ҳар як гранти раисҷумҳури Тоҷикистон, ки дар давоми се соли оянда ба ҳунармандон дода мешавад, 25 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Бо қарори ҳукумат, дар солҳои 2024-2026 дар маҷмуъ 60 гранти президент, барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ ба андозаи 1,5 млн сомонӣ дода мешавад.
Барои ҳар сол 20 грант ба маблағи 500 ҳазор сомонӣ ҷудо мегардад, афзуд дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон.
Дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ, Комиссияи босалоҳият таъсис дода мешавад ва грантҳо ба ҳунармандоне ҷудо карда мешаванд, ки лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи онҳо барои рушди фаъолияти ҳунармандӣ нигаронида шудаанд.
Аз ҷумла ба омӯзиши касбҳои ҳунармандӣ, навоварӣ ва ташаббускорӣ дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, омӯзишу тарбияи шогирдон ва таъсиси мактаби ҳунармандӣ таваҷҷуҳ дода мешавад.
Зикр гардид, ки дар Тоҷикистон бар рушди ҳунармандӣ таваҷҷуҳи хоса дода мешавад ва барномаи махсус қабул гардид.
Аз ҷумла ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, дар назди муассисаҳои давлатии таълимии таҳсилоти калонсолон, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 47 марказҳои ҳунарҳои миллӣ ва муосир таъсис дода шуд.
Барои ҳавасмандгардонии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ фурӯш, иҷрои кор ва хизматрасонии 108 номгӯйи намудҳои фаъолияти соҳибкорони инфиродӣ оид ба истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона аз пардохти ҳамаи андозҳо озод карда шуд, зикр кард дафтари матбуоти президент.