Раҳмон дар як моҳ бори дуюм ба Қатар рафт: сабаб?

Дар ин сафар президенти кишварро ёрдамчиёнаш оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ хоҳанд кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik.Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қатар рафт.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар дода, гуфтааст, ки ин сафар ба Доҳа корӣ аст.
Президентро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе раисони Маҷлиси миллии ва намояндагон, сарвазир, раҳбари Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро ёрдамчиёнаш оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.
Раҳмон дар Доҳа ҷалби сармояи Қатар ба Тоҷикистонро баррасӣ кард
Маврид ба зикр аст, ки ин дуввумин сафари раисҷумҳур зарфи як моҳ ба Доҳа аст. Қаблан ӯ 21 январ бо ҳайати ҳукумат ба сафари давлатӣ рафта буд.
Ҳадафи сафари Эмомоалӣ Раҳмонро дафтари матбуоти ӯ мушаххаст накардааст, аммо бар асоси гузоришҳо дар Доҳа ҷаласаи нави байналмилалие оид ба Афғонистон таҳти сарпарастии дабири кулли СММ Антониу Гутерриш баргузор мешавад ва интизор аст, ки дар он ширкат кунад.
Ин ҷаласа рӯзҳои 18-19 феврал доир хоҳад шуд, ки атрофи вазъи Афғонистон гуфтумонҳо сурат хоҳад гирифт.