Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ИИАО чӣ қадар афзуд?

Таҳлилгарони Комиссияи иқтисодии Авруосиё нишондодҳои соли гузашта ва як соли пешро муқоиса карда, аз рушд дар саросари иттиҳод гуфтаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Аз моҳи январ то декабри соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё нисбат ба ҳамин давраи соли 2022, 3,7 % афзуд.

Дар ин бора дафтари матбуоти Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар дод.

"Дар моҳҳои январ-декабри соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё нисбат ба моҳҳои январ-декабри соли 2022, 103,7 % ташкил дод", - омадааст дар гузориш.

Ҳаҷми истеҳсолот аз ҳама бештар дар саноати коркард 7,4 % афзудааст.
Дар ИИАО дипломҳои ҳуқуқшиносию омӯзгории кишварҳои узв эътироф мешаванд: Тиббӣ чӣ?
Дар таъмини нерӯи барқ, газ, буғ ва кондисионер 0,3% бештар шудааст.
Зимнан, афзоиши истеҳсолоти маҳсулоти саноатӣ дар кишварҳои иттиҳод чунин аст:
Белорус – 7,7%;
Қазоқистон – 4,3%;
Арманистон – 4,1%;
Русия – 3,5%;
Қирғизистон – 2,7%.
Калонтарин истеҳсолкунандаи маҳсулоти саноатӣ дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё Русия мебошад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки шумори бекорон дар кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё коҳиш ёфтааст.
Чунин маълумот дар охири моҳи декабри соли 2023 сабт шудааст. Ин рақам дар муқоиса бо ҳамин санаи соли 2022 13,9% коҳиш ёфтааст.
Теъдоди бекороне, ки дар хадамоти шуғли аҳолии кишварҳои узви ИИАО ба қайд гирифта шудаанд, 709,8 ҳазор нафарро ташкил дод.