Ҳушдори КҲФ аз чаҳор рӯзи хатарзо дар Тоҷикистон: барфу сардӣ мешавад

Дар ин рӯзҳо дар як қатор ноҳияҳо, роҳҳои доманакӯҳу кӯҳӣ, инчунин дар агбаҳо фаромадани туман пешгӯӣ шуда, дар масирҳои кӯҳӣ яхбандӣ дар назар аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳавои ноустувор боз чаҳор рӯзи дигар идома хоҳад кард.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар такя ба маълумоти ҳавосанҷон хабар дода гуфтааст, ки то 21 феврал бо вуруди сармо дар аксари минтақаҳои ҷумҳурӣ, ҳаво ҳавои намнок, сард ва тар пешбинӣ шудааст.
"Эҳтимоли то 2-7 дарҷа коҳиш ёфтани дамои ҳаво дар ноҳияҳои вилояти Суғд, дар водиҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ҳаво шабона то 0,5 дараҷа сард мешавадва рӯзона аз -3 дараҷа сард, то +2 дараҷа гарм мешавад",- афзудааст манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, то 19 феврал дар аксари минтақаҳои ҷумҳурӣ боридани боришот дар шакли борону барф дар назар аст.
Ҳамчунин дар ин рӯзҳо дар як қатор ноҳияҳо, роҳҳои доманакӯҳу кӯҳӣ, инчунин дар агбаҳо фаромадани туман (намоёнӣ камтар аз 100 метр) пешгӯӣ шуда, дар масирҳои кӯҳӣ яхбандӣ дар назар аст.
КҲФ Тоҷикистон барномаи "SOS"-ро роҳандозӣ мекунад: чӣ фоида дорад?
Тибқи пешбинӣ то фардо 18 феврал бар асари боронҳои пуршиддат интизор меравад сатҳи об дар рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, сатҳи об боло равад. Эҳтимоли омадани селҳо дар баъзе навоҳии вилояти Хатлон вуҷуд дорад.
Ҳавосанҷон дар идома гуфтаанд, ки тайи чаҳор рӯзи дигар дар ноҳияҳои ҷануб ва шимоли қаторкӯҳҳои Ҳисор ва навоҳии кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва як қатор ноҳияҳои ғарбии ВМКБ эҳтимоли лағзиши тарма вуҷуд дорад.
Дар робита ба эҳтимоли бадшавии обу ҳаво КҲФ мегӯяд, хонаҳои худро гарм нигоҳ доред ва аз истифодаи дастгоҳҳои худсохти барқӣ барои гарм кардани хонаҳо худдорӣ намоед. Инчунин ҳангоми боди шадид зери дарахтон, симчӯбҳои интиқоли барқ, сутунҳои реклом паноҳ набаред.
Ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ фосилаи байни мошинҳоро назар ба ҳолатҳои маъмулӣ дарозтар гузоред, зеро дар роҳҳои пурлой ва яхӣ нигоҳ доштани мошин мушкил аст.