Донишгоҳи Хуҷанд бештари ҳамкориҳои илмиро бо Русия дорад

Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо донишгоҳу донишкадаҳои кишварҳои мухталифи дуру наздик робитаҳои илмӣ барқарор кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 фев – Sputnik. Русия дар сархати кишварҳои хориҷие қарор дорад, ки муассисаҳои олии таълимии Тоҷикистон бо он ҳамкорӣ доранд.
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд низ бештар бо донишгоҳу донишкадаҳои кишварҳои мухталифи Русия ҳамкорӣ мекунад.
Аз ҳудуди сад макотиби олии хориҷие, ки ин донишгоҳ ҳамкориҳои илмӣ ба роҳ мондааст, ҳудуди нисфашонро донишгоҳу омӯзишгоҳҳои Русия будаанд, иттилоъ дод, ректори ДДҲБСТ дар шаҳри Хуҷанд, Ҳомидҷон Ҳошимзода.
ДДҲБС дар шаҳри Хуҷанд бо кадом мактабҳои олии хориҷ ҳамкорӣ дорад?
Ӯ шумори донишгоҳҳои ҳамкорро аз Русия - 49 адад, Ӯзбекистон - 21, Қазоқистон - 13, Белорусия - 12, Украина - 2, Латвия - 2, Хитой - 2, ИМА - 1, Ҷопон - 1, Ҳиндустон - 1 адад арзёбӣ кард.
"Дар заминаи чунин ҳамкориҳои илмӣ мо нақша дорем, якҷо бо Русия таҳсилот ё худ факултети муштарак таъсис диҳем" – гуфт, ректор.
ДДҲБСТ дар шаҳри Хуҷанд аз донишгоҳҳои бонуфӯзи ҷумҳурӣ дониста мешавад, ки ҳамасола садҳо нафар донишҷӯён бо ихтисосҳои мухталиф аз ҷумла ҳуқуқшиносӣ, сиёсатшиносӣ, бонкдорӣ, молия ва андозбандӣ, барномасозӣ онро хатм мекунанд.
Бино ба иттилоъи масъулин алҳол наздик ба 6000 донишҷӯ дар шуъбаи рӯзона ва фосилавии донишгоҳ таҳсил мекунад. Дар 20 гурӯҳ таҳсил бо забони русӣ сурат мегирад.