Дар ИИАО дипломҳои ҳуқуқшиносию омӯзгории кишварҳои узв эътироф мешаванд: Тиббӣ чӣ?

Ҳамкории аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар самти таҳсилоти тиббию дорусозӣ аз самтҳои стратегии иттиҳодия барои давраи рушд то соли 2025 муайян шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 фев – Sputnik. Дипломҳои ҳуқуқшиносон ва омӯзгорони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё минбаъд мустақиман дар қаламрави ҳамдигар эътироф мешаванд ва корҳо дар самти эътирофи таҳсилоти тандурустӣ идома доранд.
Ин нуктаро раҳбари департаменти муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи иҷтимоии Комиссияи иқтисодии АвруОсиё, Алтинай Омурбекова зимни як нишасти видеоии байналмилалӣ, таҳти унвони "Ҳамкориҳои кишварҳои узви ИИАО дар бахши тандурустӣ" баён дошт.
Ба гуфтаи ӯ, протоколи калон, ки тибқи он ин ихтисосҳо мустақиман эътироф карда мешаванд, аз 12 феврал эътибор пайдо кард. Ҳамакнун корҳо барои эътирофи дипломҳои бахши тиббӣ ва дорусозӣ идома доранд, афзуд ӯ.
Русия санади сармоягузории лоиҳаҳои муштарак дар ИИАО-ро имзо кард
Дар ҳамоиш зикр гардид, ки ҳамкории аъзои ИИАО дар самти тиббию дорусозӣ аз самтҳои стратегии рушд барои давраи то соли 2025 муайян шудааст.
Омурбекова зикр намуд, ки яке аз мақсадҳои иттиҳодия ташкили бозори ягонаи кор мебошад, ки таҳсилоти тиббию дорусозӣ, охирин ду ихтисосе мебошанд, ки ҳанӯз мустақиман дар кишварҳои узви ИИАО эътироф намешаванд.
Ӯ афзуд, дар самти эътирофи таҳсилоти тиббӣ низ омӯзиш гузаронда шуда, тавсияҳо барои мутобиқсозӣ ирсол карда шудаанд ва баъдан мунтазам эътирофи муштараки таҳсилот дар ин ду самт низ амалӣ хоҳад шуд.
Дар умум феълан тибқи созишнома дигар дар ҳамаи самтҳои таҳсилот дипломҳои кишварҳои узв эътироф мешаванд, зикр кард вай.