Ҷаҳиши воридоти худравҳои барқӣ ба Тоҷикистон: Чанд адад ва бо кадом нарх?

Хадамоти гумруки Тоҷикистон афзоиши воридоти мошинҳои барқиро дар соли гузашта ба қайд гирифтаанд, ки дар пайи додани сабукиҳо амалӣ шудаст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 фев – Sputnik. Тоҷикистон соли гузашта 3,3 ҳазор мошини барқӣ ворид кардаст, ки дар қиёс бо нишондоди соли қаблӣ беш аз 2,5 ҳазор адад зиёд аст.
Ин нуктаро раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, Хуршед Каримзода зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.
Раиси Хадамоти гумруки кишвар арзиши худравҳои барқии воридгардида дар солро беш аз 58 млн доллар гуфт. Вай зикр намуд, зимни вуруди худравҳои барқӣ пардохтҳои гумрукӣ ситонда намешаванд, чун сабукиҳо ироа шудаанд.
Ба ҳисоби мақомоти гумрук, ҳаҷми сабукиҳои ироашуда ба воридкунандаҳо дар соли гузашта ҳудуди 176 млн сомониро ташкил медиҳад. Мошинҳо асосан аз ҷониби шахсони воқеӣ ворид мегарданд, афзуд раиси мақомоти гумрук.
Нархи миёнаи гумрукии мошинҳои барқии воридшуда ҳудуди 16 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
“Айби табиат ё мудирият”: чаро барқ дар Тоҷикистон нест?
Маврид ба зикр аст, ки мақомоти Тоҷикистон азм доранд, дар солҳои наздик ҳиссаи мошинҳои барқиро дар ҷумҳурӣ то 20-30%-и теъдоди умумии нақлиёт расонанд.
Гуфта мешавад, ин иқдом дар доираи лоиҳаи Барномаи рушди нақлиёти барқӣ барои солҳои 2023-2027 дар назар дошта шудаанд.
Дар доираи барномаи рушди худравҳои барқӣ, воридоти бештар, фароҳам овардани рушди инфрасохтор, бахши васлсозии ин қабил мошинҳо ва таҳкими он ҳамчун як бахши нав дар иқтисоди кишвар дар назар аст.
Тоҷикистон ҳамзамон барои рафъи ҳавои олуда, барои воридкунандагони худравҳои барқӣ сабукиҳо, аз ҷумла озодӣ аз пардохти боҷи гумрукиро пешкаш кардаст.
Қаблан вазири нақлиёти Тоҷикистон, Азим Иброҳим низ гуфт, ки ҳар сол ба кишвар аз хориҷа бо маблағи садҳо млн доллар маводи сӯзишворӣ ворид мегардад. Дар ҳоле ки ба гуфти ӯ зарфиятҳои истеҳсоли барқ ва истифода аз мошинҳои барқӣ дар кишвар хеле зиëд аст.