СААД афзоиши ҷангиёни ДИИШ*-ро дар наздикии марзҳои ҷанубии Тоҷикистон мебинад

Тоҷикистону Афғонистон ҳудуди 1400 километр марзи муштарак доранд, ки 60%-и сарҳадоти кишварҳои Осиёи Миёна бо ин ҷумҳуриро ташкил медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 фев – Sputnik. Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ афзоиши шумори ҷангҷӯёни гурӯҳи ДИИШ* дар наздикиҳои марзҳои ҷанубии Тоҷикистонро мушоҳида мекунад.
Ин нуктаро сардори ситоди муштараки СААД генерал-полковник Андрей Сердюков зимни нишасти хабарӣ баён дошт.
"Дар минтақаи Осиёи Марказӣ таҳдиди асосӣ ба субот аз ҷониби созмонҳои террористиву экстремистии байналмилалӣ, аз қабили "Давлати исломӣ"*, "Ал-Қоида"* ва ғайра мебошад", - гуфт ӯ.
Дар наздикии сарҳади ҷанубии Тоҷикистон афзоиши шумори бахши афғонии ДИИШ* - Вилояти Хуросон* ва ҷунбиши толибҳои Покистон ба қайд гирифта шудааст, афзуд ӯ.
Ин ҳушдор дар ҳолест, ки қаблан масъулини СААД теъдоди ҷангҷӯёни ДИИШ* дар Афғонистонро беш аз 6500 нафар гуфта буданд, ки аксари онҳо - то 4 ҳазор нафар дар наздикии марз бо Тоҷикистон ҷойгир шудаанд.
Аксари ин ҷангҷӯён дар вилоятҳои Бадахшон, Кундуз ва Тахор ҷой гирифтаанд, мегӯянд масъулин.
СПАД барои таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон маблағ ҷудо мекунад
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистону Афғонистон ҳудуди 1400 километр марзи муштарак доранд, ки 60%-и сарҳадоти кишварҳои Осиёи Миёна бо ин ҷумҳуриро ташкил медиҳад.
Қисми зиёди сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон аз мавзеъҳои мураккаби ҷуғрофӣ мегузарад. Қаблан ҳайати фармондеҳии СААД таъкид намуда буд, ки ба иғвогарӣ дар марзҳои Тоҷикистон роҳ намедиҳад ва дар сурати таҳдиди воқеӣ аз Афғонистон, нерӯҳои ин созмон дар зарфи чанд соат посухи қатъӣ ба ҳамлагарон хоҳанд дод.
Инчунин СААД барномаи муҷаҳҳазгардонӣ ва таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистонро баррасӣ дорад, ки интизор меравад соли равон қабул шавад.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистону Русия.