Вазири меҳнат: муҳоҷирати тоҷикистониён 16% кам шудааст

Хуруҷи тоҷикистониён аз кишвар барои дарёфти пул дар соли 2023 ба хориҷ ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст, мегӯяд вазири меҳнат
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба муҳоҷирати корӣ мераванд, дар як соли ахир 16% коҳиш ёфтааст.
Дар ин бора Гулнора Ҳасанзода, вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе изҳор дошт.
Ба гуфтаи вай дар соли 2023 652 ҳазору 14 нафар ба муҳоҷират рафтаанд. Ин нишондод дар соли 2022 ба 775 ҳазоур 578 нафар баробар буд, ки мизони коҳиш ба 123 ҳазору 564 тан расидааст.
"Аз ин шумора мардҳо 554 ҳазору 804 нафар, ё 15% ва занҳо 97 ҳазору 210 тан, ё 20% кам шудааст",-афзуд Ҳасанзода.
Вазир гуфт, шаҳрвандони Тоҷикистон умдатан барои дарёфти пул ба Русия мераванд, ки беш аз 627 ҳазор ба ин кишвар рост меояд.
Ҳамзамон 18,4 ҳазор муҳоҷирон ба Қазоқистон ва боқимонда ба дигар кишварҳо рост меоянд.
Русияро дар бораи рақобат барои муҳоҷирон бо чанд кишвар ҳушдор доданд
Бозгашти муҳоҷирони меҳнатӣ дар ин муддат 590,7 ҳазор (2022-551,7 ҳазор) ё 7% зиёд буда, аз ин теъдод шумораи мардҳо 468,5 ҳазор нафар, ё 4,2% ва занҳо 122,2 ҳазор нафар, ё 19,1 зиёд гардидааст.
Ин ниҳод қайд кард, ки дар давраи ҳисоботӣ 6,8 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон санади манъи вуруд ба Русияро дарёфт кардаанд.