ДУШАНБЕ, 13 фев - Sputnik. Тоҷикистон дар соли 2024 ҳудуди 2 млрду 448,8 млн доллар ба хориҷ молу маҳсулот содир кардаст.
Дар ин бора вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода зимни нишасти хабарияш иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, содироти кишвад дар қиёс ба соли 2022-юм 14,3% ё 306,8 млн. доллар зиёд шудааст.
Дар сохтори содиротии кишвар ба гуфтаи вазир ҳиссаи металлҳои қиматбаҳо (гурӯҳи молии 71) дар ҷойи авввал буда 46,6%--ро ташкил медиҳад.
Дар ҷойи баъди маъданҳо 15,4%, нахи пахта ва маҳсулот аз он 10,2%, алюминийи аввалия ва маҳсулот аз он 6,1%, қувваи барқ 4,5%, дигар металлҳои нимқиматбаҳо (сурма) 4,4% аз содиротро ташкил медиҳанд.
Ҳиссаи маҳсулоти кишоварзӣ бошад бар содироти кишвар ба 1,9%, таҷҳизоти барқӣ ва семент 1,4%, либосҳои гуногун 1,6% ва маҳсулоти кимиёи ғайриорганикӣ 1%, инчунин сурб ва маҳсулот аз он, металлҳои сиёҳ ва дигар молҳо назаррас аст.
Ба гуфтаи Завқизода нишондиҳандаи содироти як қатор молу маҳсулоти нисбатан нав (мис, сурма, либосҳо, ҷуроб, нӯшокиҳои спиртдор ва беспирт, рангҳои сохтмонӣ, халтаҳои бастабандӣ, маҳсулоти тарканда, ресмони химиявӣ, орд, маҳсулоти кимиёӣ, трансформатор ва таҷҳизоти барқӣ, маҳсулот аз коғазу картон) ба 350 млн доллар расидааст.
Ӯ афзуд, ки ин маҳсулотҳо ба маблағи 80 миллион доллар нисбат ба соли 2022-юм зиёд ба хориҷ фурӯхта шуданд.
Тибқи додаҳои ин ниҳод савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 1 млрд доллар афзоиш ёфта, ба зиёда аз 8,3 млрд доллар расид.
Аз ин ҳисоб воридот қариби 5,9 млрд доллар ва содирот наздики 2,4 млрдро ташкил додаст.