ДУШАНБЕ, 12 фев – Sputnik. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд сабикаҳои ченакии тиллоиро дар вазнҳои 5, 10, 20, 50 ва 100 гр бо пули миллӣ харидорӣ намоянд.
Роҳбари минтақавии Бонки миллӣ дар шаҳри Хуҷанд, Наврӯз Алиев, гуфт, ин иқдом бо мақсади танзими пули нақд дар муомилоти бозорӣ ва пешгирӣ аз долларшавӣ ба роҳ монда шудааст.
“Сабикаҳои тиллоӣ ва тангаҳои нуқрагине, ки ба мутобиқи меъёрҳои байналмиллалӣ сикказанӣ гардидааст. Барои харидории чунин молҳои қиматбаҳо ягон маҳдудият ҷорӣ карда нашудааст”, – гуфт Алиев.
Бино ба гуфти масъулини Бонки миллӣ, сабикаҳои тилоӣ дар корхонаи “Металург технолоҷи Эссеяи Шветсария” омода карда шуда, дорои сифати байналмиллалии “good delivery” мебошад.
Хариддории он дар шуъбаҳои Бонки миллӣ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.
Нархи фурӯши сабикаҳо ҳамарӯза дар сомонаи расмии Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи нархномаи Асоссиатсияи бозори металҳои қиматбаҳои Лондон бо қурбӣ сомонӣ нашр карда мешавад.