ДУШАНБЕ, 12 фев – Sputnik. Раиси додгоҳи Хуҷанд, Ҳоҷизода Мирзошариф Мирзораҳмат аз ин мақом барканор шуда, ба вазифаи раиси суди вилояти Суғд таъйин гардид.
Бо фармони президенти Тоҷикистон, собиқ раиси суди ноҳияи Ҷайҳун, Муҳиддинзода Баҳодур Бобохон раиси суди шаҳри Кӯлоб шуд. Раиси суди Ҷайҳун Нурализода Сафарбек Маҷид шуд, ки то ҳол муовини раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ буд.
Инчунин Сафарзода Диловар Амиралӣ раиси суди ноҳияи Панҷ, Саидшозода Зафар Сафаралӣ раиси суди ноҳияи Муъминобод, Сангинзода Ғайрат раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Бурҳониён Маъруфҷон раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулов, Кабирзода Сарфароз Мизроб раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Шарифзода Рудоба Ҳомиддин раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе шуд.
Раҳмон Ҷурахон Қурбоналӣ мақоми муовини якуми раиси суди шаҳри Хуҷанд, Аҳмадзода Акрам раиси суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд , Зарифӣ Фахриддин Наҷмиддин муовини раиси суди вилояти Суғд, Абдуғафорӣ Анварҷон судяи суди ВМКБ, Пирумшозода Бахтиёр Улфатшо судяи суди ноҳияи Ванҷ, Искандарзода Шаҳриёр судяи суди вилояти Суғд таъйин гардид.
Мирзозода Собир Зайдулло ва Муқимӣ Анис Аминзод судяҳои суди шаҳри Душанбе, Шарифзода Саидхоҷа Шарифхоҷа, судяи суди шаҳри Роғун, Ширинзода Джурабек муовини раиси суди шаҳри Ҳисор, Эркинзода Отабек судяи суди ноҳияи Ашт, Абдуллозода Шерзод судяи суди ноҳияи Зафаробод, Иброҳимзода Исроил Исмоил судяи суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд ва Назри Муҳаммадвали судяи суди ВМКБ шуд.