Як сол муҳлат, баъд чора андешида мешавад: Ҳушдори Раҳмон ба хизматчиёни давлатӣ

Раисҷумҳури Тоҷикистон аз хизматчиёни давлатӣ хост, поквиҷдону хушмуомила бошанд, зеро эҳтироми кас дар ҷомеа танҳо аз роҳи хизмати беғаразона ба даст меояд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 фев – Sputnik. Барои омӯзиши амиқи забонҳои хориҷӣ ба кормандони мақомоти судӣ ва ҳамаи хизматчиёни давлатӣ дар Тоҷикистон як сол муҳлат дода шавад.
Ин нуктаро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кадрҳои навтаъйин дар мақомоти додгоҳӣ таъкид намуд.
Ӯ ҳушдор дод, ки дар сурати иҷро нашудани ин талабот чораҳои зарурӣ нисбаташон амалӣ карда мешавад.
Аз раиси нави суди Суғд то Кӯлобу ВМКБ: вазифагирии 23 додрас дар Тоҷикистон
Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат ба баланд бардоштани сатҳи касбияти кадрҳои судӣ, дониши васеи қонунҳои миллӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ, тарбияи кадрҳои ҷавон ва ба хусус ба забондонии онҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуд.
"Донистани забони давлатӣ дар сатҳи баланд ва ба ҳамин сатҳ аз худ намудани ду забони хориҷӣ аз вазифаҳои муҳими ҳар як хизматчии давлатӣ аст", - таъкид намудаст Раҳмон.
Вай ҳамчунин барои баррасии саривақтии парвандаҳои ҷиноятӣ, диққат ҷиддӣ додан ба арзу шикоятҳои мардум, риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ ва таъмини волоияти қонун супоришҳои қатъӣ додаст.
“Поквиҷдону поктинат бошед, хушмуомила бошед, зеро иззату эҳтироми кас дар ҷомеа танҳо аз роҳи хизмати беғаразона ба мардум ба даст меояд”, - хостааст Раҳмон аз мақомдорони навтаъйин.