Бо сабаби аз кор мондани чоҳҳои амудӣ ва фарсудашвии қубурҳои обгузар кӯли Бӯстон аз соли 2008 ба ин тараф хушк гардида ва муҳити атрофи он валангор шуда буд.
Кӯл дар канори меҳмонхонаи “Хуҷанд” дар масоҳати 24 га ҷойгир буда, дар гузашта рамзи шаҳри Бӯстон (собиқ Чкалов) дониста мешуд, дубор барқарор шуд. Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ба шаҳри Бӯстон рафта аз ҳолати кӯл дидан кард.
Раиси шаҳри Бӯстон, Нигорахон Ғаффорзода, гуфт, то ин вақт шаш чоҳи амудиро таъмир намуда ва аз ду самт ҷоришавии об ба кӯлро барқарор намудаанд.
“Корҳои ободониро аз ҳамин гӯшаи шаҳри Бӯстон оғоз намуда дар фурсати чаҳор моҳ бахши аъзами корҳои барқароргардонии кӯл ба иҷро расонида шуданд. Ин кӯл ҳамчун захираи об, барои обёрии боғу токзорҳо ва мавзеъи фароғативу сайёҳӣ аҳамияти муҳим дорад”, - гуфт шаҳрдор.
Бино ба гуфти ӯ, зимнан аз ду самт об ба кӯл ҷорӣ гардида, сатҳи пуршавии об ҳам мушоҳида мешавад.
Кӯли шаҳри Бӯстон дар даҳҳо га масоҳат доман паҳн намуда, дорои ғунҷоиши беш аз 1,7 млн метри мураббаъ об мебошад.
Дар гузашта ин кӯл ва меҳмонхонаи “Хуҷанд”, ки дар шафати он ҷойгир аст, ҳарду рамзи шаҳри Бӯстон дониста мешуд, ки таваҷҷӯҳи зиёди сокинону сайёҳонро ҷалб менамуд.