Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Поксозии минтақаҳои озодшуда дар Украина аз суйи минрубони Русия – видео

Ба муҳандисони низомӣ барои корашон як дастгоҳи бесарнишини заминӣ, ки аз ҷониби ихтироъкорони вилояти Белгород таҳия ва ҳадя шудааст, кӯмак менамояд.
Sputnik
Минрубҳои корпуси 1-уми артиш манотиқи озодшударо дар самти Донетски ҷанубӣ поккорӣ мекунанд.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати дифои Русия хабар додааст.
"Минрубҳо талош доранд, ки снарядҳои натаркидаро дар ҷои ҳодиса безарар гардонанд. Агар ин имконнопазир бошад, онҳоро барои нобуд кардан ба тамрингоҳҳои махсус мебаранд", - гуфтааст вазорати дифои Русия.
Гуфта мешавад, ки дар як моҳ дар ин самт минрӯбҳо беш аз 1,5 ҳазор маводи таркандаро безарар гардонданд.
Илон Маск бо як калима тақдири Қрим ва Донбассро гуфт
Ҳамин тавр, ба муҳандисони низомӣ дар кори худ дастгоҳи бесарнишини истифода мебаранд.
"Ин дастгоҳ аз масофаи дур идора мешавад, ки маводҳои таркандаро ба ҷойҳои душвор ва хатарнок интиқол диҳад ва ҳаёти кормандонро наҷот диҳад", - таъкид кардааст вазорат.