Тоҷикистон мардуми Эронро бо 45-солагии Инқилоби исломӣ табрик кард

Вазири хориҷаи Тоҷикистон изҳор дошт, ки равобити дӯстона миёни кишварҳо, ки арзишҳои муштарак ва таъриху фарҳангӣ ягона доранд, минбаъд низ рушд хоҳанд кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба ҳамтоёни худ аз Эрон барқияи табрикотӣ фиристод.
Дар ин бора вазорати умури хориҷии Эрон хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ба Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон нома ирсол кардааст.
"Бо камоли эҳтиром шуморо ба муносибати 45-умин солгарди пирӯзии Инқилоби исломӣ ва Рӯзи миллӣ табрик мегӯем. Пешрафту дастовардҳои Эрон дар ин давра, ба хусус таҳкими мавқеи кишвар дар арсаи байналмилалӣ, шоистаи ситоиш аст", - таъкид шудааст дар барқия.
Вазири хориҷаи Тоҷикистон ҳамчунин изҳори умедворӣ кардааст, ки равобити дӯстонаи Тоҷикистону Эрон ба далели муштаракоти таърихӣ ва фарҳангӣ идома хоҳад ёфт.
Cодироти бархе маҳсулоти кишоварзии Эрон ба Русия 5 баробар афзоиш ёфт
"Бо истифода аз ин фурсат, ба кишваратон рушду шукуфоиро таманно дорам", - иброз дошт Сироҷиддин Муҳриддин
11 феврал, Эрон 45-умин солгарди инқилоби исломии соли 1979-ро таҷлил мекунад.
Дар бештар аз 1,4 хазор шахр ва 35 хазор деҳаҳои ин кишвар роҳпаймоиҳаи идона мегузаранд. Шахр бо байрақҳо ва овезаҳо оро дода шуда дар онҳо шиорҳои инқилобӣ ва динӣ навишта шудаанд.