Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвилро поин бурд

Коршиносони танзимгари миллии Тоҷикистон ҳадафи коҳиши меъёри бозтамвилро шарҳ дода, гуфтанд, ки бо кадом ҳадаф он чунин муқаррар карда шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) меъёри бозтамвилро 0,5% фоиз коҳиш дод.
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Бонки миллӣ хабар додааст.
Ҳамин тавр, аз 12 феврал меъёри бозтамвил дар ҷумҳурӣ 9,5% муқаррар карда шудааст. Қаблан меъёри бозтамвил 10%-ро ташкил медод.
"Кумитаи сиёсати пулию қарзии БМТ дар ҷаласаи навбатии худ тасмим гирифт, ки аз 12 феврал соли 2024 меъёри бозтамвилро 0,5 фоиз поин бурда, 9,5%-и солона муқаррар намояд", — омадааст дар хабари бонк.
Гуфта мешавад, ки ин тасмим, ба хотири ба эътидол овардани нархҳо дар бозорҳои дохилӣ ва байналмилалӣ, инчунин ба сатҳи таваррум, ки аз нишондиҳандаи ҳисобшуда паст аст, марбут аст.
Бонки миллӣ сатҳи таваррумро дар Тоҷикистон муътадил хонд
Тибқи маълумоти охирини нашркардаи Бонки миллӣ, таваррум дар моҳи декабри соли 2023 0,4% ва дар ҳамин моҳ 3,8%-ро ташкил дод.
Соли 2023 Бонки миллӣ ду маротиба меъёри бозтамвилро аз 13% то 11% ва сипас аз 11 то 10% поин бурд.
Аммо, пас аз моҳи майи соли 2023, меъёр дар сатҳи 10% нигоҳ дошта шуд; дар ду ҷаласаи ба нақша гирифташудаи кумитаи сиёсати пулию қарзӣ танзимгар тасмим гирифт, ки онро тағир надиҳад.